“Бибии Барфи”-и накӯкор

Турсуной Зокирова  дили 200 кӯдаки ятимро шод гардонд

Бобои Барфӣ зӯртар ё Бибии Барфӣ?

Кӯдакон бо беқарорӣ омадани Соли навро интизорӣ мекашанд, зеро танҳо дар ин иди фараҳбахш Бобои Барфӣ аз роҳи дур, аз пушти куҳҳои пурбарф бо халтаҳои пурбор ба табрики бачаҳои доно меояд. Дар бораи каромотҳои Бобои Барфӣ ҳамагон зиёд шунидаанд ва мо ин гуфтаҳоро такрор карданӣ нестем. Имрӯз мо ба шумо дар бораи Бибии Барфии меҳрубоне нақл мекунем, ки ҳамеша сари кӯдакони ятиму бепарасторро сила карда, дили мискини онҳоро шод месозад. Ин Бибии Барфии меҳрубон ғолиби барномаи “Битва экстрасенсов” Турсуной Зокирова мебошад. Ин зани соҳибкаромот бо қобилиятҳои аҷибаш мухлисони барномаи “Битва экстрасенсов”-ро қоил намуда, чанд сол боз берун аз марзи кишварамон обрӯю нуфузи зиёде доред. Зокирова дар шаҳри Маскав фаъолият менамояд ва чунон серкор аст, ки ҳатто вақти сархорӣ надорад, аммо ба ин нигоҳ накарда, ҳар сол дар арафаи Соли нав аз байни ҷангалҳои анбуҳи кишвари рус гузашта, бо халтаҳои пурбор ба аёдати кӯдакони бемор, ятим ва нимятим  меояд. Имсол низ ин зани накӯкор ин анъанаи некашро идома дод.

dav

“Бунёди шафқат” ятимонро шод гардонд

Дар арафаи Соли Нав ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди шафқати Турсуной Зокирова” барои 200 нафар кӯдакони ятиму нимятим ва нуқсони ҷисмонӣ дошта дастурхон ва барномаи солинавӣ орост. Дар ин базми пуршукуҳи идона, ки дар тӯйхонаи “Манижа” барпо гашт, як гурӯҳ кӯдакон ҳамроҳи омӯзгоронашон аз Адрасмон, Консой, Чорухдарон, Сирдарё ва шаҳраки Бӯстони Вилояти Суғд ташриф оварда, соҳиби туҳфаҳои идона гаштанд. Аз 200 нафар дӯстрӯякони ҷамъомада 10 нафарашонро кӯдакони маъюб, 28 нафарашонро ятимони кул ва боқимонда 162 нафари дигарро нимятимон (аз модар ё падар маҳрум) ташкил медод. Ба ғайр аз ин, “Бунёди мадади Турсуной Зокирова” боз ба хонаи 200 нафар кӯдакони маъюбе, ки имконияти дар чорабинӣ иштирок карданро надоштанд, туҳфаҳои гуногуни солинавӣ фиристод.

 

Даргаҳи умеди камбағалон

 “Бунёди шафқати Турсуной Зокирова” соли 2012 ташкил ёфтааст. Мақсаду мароми ин ташкилоти хайрхоҳ ёрӣ расонидан ба беморон, ятимон ва муҳтоҷон мебошад. Ин ташкилоти хайриявӣ ҳар ҳафта ба 16 оилаи камбизоат кӯмакҳои хайрхоҳона мерасонад. Ниёзмандон аз “Бунёди мадади Турсуной Зокирова” орд, равған, биринҷ, тухм, макарон, шакар ва дигар маҳсулотҳои хӯрокаро туҳфа гирифта, дар ҳаққи соҳиби хайр-Турсуной Зокирова дуои хайр мекунанд.

Мардум чӣ мегӯянд?

Сокинони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) иқдоми Турсуной Зокироваро барои дигар соҳибкорони ватанӣ намунаи ибрат меҳисобанд. Дилрабо яке аз он корафтодагонест, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди шафқати Турсуной Зокирова” борҳо ба ӯ дасти мадад дароз намудааст. Ҳангоми суҳбат бо мо ин зан, ки дар тарбияаш чанд кӯдаки ноболиғ дорад, чунин гуфт:

-Ман модари чор фарзанд ҳастам. Ростӣ, пас аз вафоти шавҳарам дар таъмини фарзандон зиёд азоб мекашидам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, фарзанди дуюмам маъюб аст. Дар бораи корҳои хайри Турсуной Зокирова аз забони мардум қиссаҳои зиёде шунида будам ва ҳарчи бодо бод гӯён, ба суроғашон рафтам. Убайдуллоҳ ном коргарашон ному насаби моро қайд карда гирифт. Гумон доштам, ки як соли дароз интизор мешавам, вале аз байн як ҳафта нагузашта ба писарам аробаи маъюбӣ ва номгӯи зиёди хӯрокворӣ фиристоданд. Мегӯянд, ки ҳар чӣ сари як кӯдаки ятимро сила кунад, савоби зиёрати хонаи Худоро мегирад. Турсуной Зокирова дили садҳо ятимонро шод гардонидааст. Дуо мекунем, ки ҷавоби некиҳояшро аз Худованд дида боз ҳам машҳуру маҳбубтар гардад!

-Турсуной Зокирова яке аз муваффақтарин занҳои соҳибкори тоҷик ба шумор меравад. Ҳамасола 20 то 30 кӯдаки бемории дилдошта маҳз бо сарпарастии ин зани оқила табобат карда мешаванд, ки ин боиси ифтихори мост,-мегӯяд мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва ротиба бо ҷомеаи дастгоҳи МИҲД-и шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода.

Дар ҳақиқат коре, ки Турсуной Зокирова дар ин самт мекунад, шоёни ситоиш аст. Соли гузашта ин зани накӯкор аз Русия 25 таҷҳизоти тиббӣ: 7-адад аробачаи маъюбӣ, 8-адад автоклав (асбоби безараргардонӣ)-6 адад таҳҷизоти безараргардонӣ ва  4 адад кушетро бо арзиши беш аз 1 млн рубл ба Тоҷикистон оварда, ба марказҳои тиббии Вилояти Суғд тақдим намуд. Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои Турсуной Зокирова нисбати ятимону беморону камбизоатон раиси шаҳри Гулистон-Матлуба Сатториён ҳамчун рамзи қадршиносӣ Зокироваро бо унвони “Шаҳрванди фахрӣ” сарфароз гардонд.

                                                   “Ҳадяи меҳр”

Дар чорабинии солинавие, ки “Бунёди шафқати Турсуной Зокирова” махсус барои кӯдакони ятим ва камбизоат ороста буд, гурӯҳи “Ҳадяи меҳр” ва  санъаткорони шинохтаи вилоят аз ҷумла Ҷамшед Исмоилов ва Абдухалил Ғаффоров баромад намуда, бо таронаҳои дилнишини худ табъи хурдтараконро болида гардониданд. Дар қатори дигар кӯдакони ба чорабинӣ даъватшуда Далер Раҳматов низ ҳузур дошт. Ин писарак иллати пой дошта бошад ҳам, дар ҷойи нишасташ суруд мехонду мерақсид. Шавқу завқи зиёди ин писаракро ба санъат эҳсос намуда, сардори гурӯҳи ихтиёриёни “Ҳадяи меҳр” –Парвиз Қосимов Далерро ба саҳна даъват кард. Тамоми иштирокчиёни базм аз ҳунари волои ин писараки маъюб ба ваҷд омада, дар ҳавои сурудҳои Далер рақсиданд. Худи Далер таассуроташро аз ин базми зебои идона чунин баён намуд:

-Ман аз шаҳри Хуҷанд ба ин ҷо омадам ва шодии маро ҳадду каноре нест. Маъюбии пой дошта бошам ҳам, имрӯз ман худро аз дигарон кам надидам. Раҳмат ба ташкилкунандаи ин базми идона, ки моро сарҷамъ намуда, хотирамонро шод гардониданд. Беҳуда нагуфтаанд:

                           Дил ба даст овар, ки Ҳаҷи Акбар аст,

                            Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

                              

Зокирова алъон дар куҷост?

Бисёриҳо ба идораи ҳафтаномаи “Оила” занг зада, дар куҷо будани Турсуной Зокироваро пурсон мешаванд, чунки дар бораи ин зани муъҷизакор овозаҳо хеле зиёданд. Яке мегӯяд, ки Турсуной Зокирова ба Амрико кӯчидааст, дигарӣ иддао мекунад, ки ин экстрасенси машҳур дар Олмон зиндагӣ мекунад. Дар асл Турсуной  Зокирова дар шаҳри Маскави Русия дар маркази  равоншиносии “ Волшебная сила” фаъолият менамояд. Дур аз Ватан зиндагӣ кунад ҳам, ин ватандори асил лаҳзае бе ёди Ватан нест ва то метавонад ба дарди ҳаммиллатони худ марҳам мегардад. Ин зани саховатпеша ҳар сол дар иду ҷашнҳои гуногун ба зодгоҳаш омада, сари садҳо ятимро сила мекунад ва дили даҳҳо маъюбонро шод гардонида, ба оилаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамояд. Шиори ин зани муъҷизакор дар зиндагӣ чунин аст:

Ҳар кӣ мехоҳад биҳишти ҷовидон,

Меҳрубонӣ боядаш бо кӯдакон.

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Гулистон-Хуҷанд

Р/S

Ниёзмандон метавонанд тариқи телефони зерин бо Турсуной Зокирова дар тамос шаванд:

92-643-00-61

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *