Чин нақшаи Росияро дар бораи аз доллар даст кашидан дастгирӣ намуд
Хоҳиши Россия дар бораи даст кашидан аз доллар метавонад эътирое бошад зидди ҳукмронии худхоҳонаи амрикоӣ. Чунин андешаро дар рӯзномаи “Хуансо шибао” корманди илмии Донишкадаи Россия, Европаи Шарқӣ ва Осиёи Миёнагии академияи илмиҳои ҷамъиятии Чин Чэн Итсзюн баён доштааст, менависад РИА Новости.
Ҷараёни қатъ кардани доллар дар сикказании байналмилалӣ тамасхури Москва ба ИМА мебошад.
Чэн Истзюн меафзояд, ки Барои Вашингтон чунин амали ҳукуматдорони Россия метавонад як беэътинои ва ё пастзадан эътибор ба шумор равад, чунки Москва Вашингтонро “дар ҳолати ногувор дар назди иттифоқчиёнаш мегузорад”.
Таҳлилгарон барон ақидаанд, ки долларгароӣ таъсири ҷиддие ба тараққиёти Россия намерасонад, зеро ки ИМА дар фарқият бо Чин ва Аврупо шарики боэътимоди тиҷоратии Москва ба ҳисоб намеравад. Ҳамзамон рубли Руссия аз рӯи эътимоди ӯ асъори устувори пардохти маблағ мебошад.
Мавқеи Москва
Қаблан вазири молия Антон Силуанов дар бораи нақшаҳои Хазинаи мллии некӯаҳволӣ (ХМН) изҳорот дода буд, ки бояд Баъдтар аз итсифодаи доллари амрикоӣ даст кашид.
Баъдтар ҷониши якуми сарвазири Россия Андрей блоусов шарҳ дода буд, ки хориҷ кардани доллар аз сохтори ХМН алоқаманд аст бо таҳдидҳои маҳдудиятгузориҳои ИМА сарчашма мегирад.
Мавқеи ИМА
Дар Вашингтон изҳор доштанд, ки аз нақшаҳои Россия ва Чин дар ҳолати қатъ кардани муомилоти доллар ҳарос надоранд. Сардори Захираҳои сохтории федералии ИМА Ҷером Пауэл қайд намуд, ки доллар захираи арзии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад ва “дигар валютае нест, ки тавониста бошад ба он баробар шавад.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ