Сомонӣ қувват мегирад: Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки асъори миллӣ нисбатан каме тақвият ёфтааст.

Аз рӯи маълумоти БМТ, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1552 сомонӣ нишон дода шудааст, дар ҳоле, ки рӯзи гузашта он ба 0.1566 баробар буд.

Амо дар ин равия қурби долларро, ҳамоно устувор нишон медиҳад ва тибқи нишондоди БМТ 1 доллар 11.3200 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар Россия аз доллар рӯ метобанду дар Тоҷикистон ду даста ба он мечаспанд.

Ҳамзамон қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли номунтазам қарор дошта, аввали моҳи ҷорӣ ба нишондиҳандаҳои рекордӣ боло рафт, аммо ҳафтаи гузашта якбора чанд зина беқурб шуд ва имрӯз як каме поин рафт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *