Сармураббии тими футзали Тоҷикистон Пайрав Вохидов таъин шуд

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, кунун миллипӯшони футзали кишварро Пайрав Воҳидов мураббигӣ мекунад.

Манбаъ иттлоъ медиҳад, ки вазифаҳои сармураббиро Пайрав дар дастаи мунтахаб ва дар клуби Душанбе «Соро Компания» дар якҷоягӣ иҷро мекунад.

Пайрав Воҳидов қаблан дар солҳои 2015 ва 2016 ёвари мураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон буд ва дар соли 2017 тими ҷавонони кишвар (U-20) -ро оид ба футзал раҳбарӣ кардааст.
Таҳти роҳбарии ӯ, клуби «Соро Компания» — и Душанбе дар солҳои 2018 ва 2019 ду маротиба ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон гардид.
Пайрав Воҳидов дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 13 то 24 октябр баргузор мешавад, омода мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *