Чин-сармоягузори асосии Тоҷикистон
Соли сипаригардида ба иқтисодиёти Тоҷикистон 645 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 326 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Соли гузашта бештар ба иқтисодиёти Тоҷикистон кишварҳои Чин, Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Белгия, Швейтсария, Франсия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои ҷаҳон сармоягузорӣ намудаанд. Корхонаҳои саноатии мамлакат, назири «Ширкати тоҷикию хитоӣ», «ФШДММ С.А.Минералс», «Оҳангудозии Тоҷикистон», «Кока-Кола- нӯшокиҳои Тоҷикистон», «ЗАРИНК», «КМ Муосир», «Пакрут», «Рушди кишоварзии Тоҷикистону Чин», «Алфапет», «Тк Ойл», «Нуриҳои Осиё», «ТАЛКО Голд», «Чунтай Данғара Син Силу» ва «Шивер» корхонаҳои саноатии кишваранд, ки ба ҷумҳурӣ сармояи мустақим ворид намудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар зарфи даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст. Қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат- энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ