Шикорчиёни хуки ёбоӣ дастгир гардиданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти 4 шикорчӣ дар дараи Ромит хабар дод, ки дар шикори ғайриқонунии хуки ёбоӣ гунаҳкор мешаванд.

Маъмурони милиса дар умури экология Шуҳрат Табаров, сокини 38-солаи шаҳри Ваҳдат, Раҳмоналӣ Тоирови 29-сола, Баҳрулло Тоирови 32-сола ва Диловар Гулови 31-сола, сокинони шаҳри Норакро бо иттиҳоми шикори ғайриқонунӣ дастгир кардаанд.

Тибқи иттилои ВКД, номбурдагон дар мавзеи деҳаи Ёсии дараи Ромит ба шикори ғайриқонунии хуки ёбоӣ машғул шуда, аз онҳо 6 сар хуки ёбоии шикоркардашуда дарёфт ва гирифта шуд.

Манбаъ бо такя ба маълумотномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон зарари ба табиат расонидашударо  6600 сомонӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *