Чинорҳои азимҷусса моли таъриханд?
Солҳои охир чинорҳои 600-700-сола, чормағз, қарағочу арчаҳои калон-калон бераҳмона буридаву нест карда шуданд. Чунин ҳолатҳо дар навоҳии Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг, Ш. Шоҳин бештар ба назар мерасанд.
Дар баробари ин вазъу ҳолати экологии назди бозорҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ҷавобгӯи талабот нест. Ба ин гуна пурсишҳо сардори бахши муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Қурбон Соҳибов ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда надод. Инчунин, муовини директори муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб Ҷумъа Назаров низ оид ба ин гуна масоил ва зараровар ё фоидаовар будани 11 хоҷагии ҷангал шарҳи дурусту аниқ дода натавонист.
Хуб мешуд, ки масъулин ба нишасти матбуотӣ, ки соле ҳамагӣ ду маротиба баргузор мегардад, тайёриҳои ҳаматарафа бинанд.
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ