Ҳасанзода масъалаи муҳоҷиратро матраҳ кард

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар як дидор дар Маскав иҷроиши тавофуқҳоеро, ки қаблан дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ имзо шуда буданд, баррасӣ кард.

Мулоқоти Гулнора Ҳасанзода бо муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Русия Елена Мухтиярова дар шаҳри Москва сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки яке аз масъалаҳои асосии муҳокимагардида зимни мулоқот, ин иҷроиши тавофуқҳое будааст, ки дар чаҳорчӯби мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон — муовини Сарвазири Русия Марат Хуснуллин ва Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода (дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ) матраҳ гардида буданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои зерин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд:

— рафти иҷрои Созишнома байни ҳукумати ду кишвар дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия;

— омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Русия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни Русия.

Дар баробари ин, «Харитаи роҳ» ба имзо расидааст, ки дар он тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи Созишномаи мазкур пешбинӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *