Чиптаҳои парвоз ду баробар арзон мешаванд
Ин таблиғ танҳо барои калонсолон аст. Дар ин бора матбуоти Ӯзбекистон хабар додааст. «Нархҳои парвозҳои дохилӣ дар Ӯзбекистон аз 1 то 5 сентябр ду маротиба арзонтар хоҳанд шуд.
Ҷамъияти саҳомии «Uzbekistan Airways» оид ба тахфифи аз 30% то 50% хабар дод. Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад дар ин муддат бо тахфифи калон дар амал билет харад «, — гуфта мешавад дар паём. Қобили зикр аст, ки ширкат ин тахфифҳоро барои ҳамаи одамони аз 2 сола боло раво дидааст.
Ин аксия на танҳо барои сокинони Ӯзбекистон, балки мардумони дигар кишварҳои дунё ҳам метавонанд дар он иштирок кунанд. Барои гирифтани тахфифи 50%, шумо бояд нафақахӯр ё маъюб ва ё шахсе, ки бевосита дар барҳам додани нерӯгоҳи атомии Чернобил иштирок дошта, бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ