Сафорати Тоҷикистон дар Кобул фаъолияташро идома дод

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, ки сафорати кишвар дар Кобул дар ҳолати муқаррарӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Кобул фаъолияташро идома додааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷа.

“Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад”, — гуфтанд аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

Рӯзи якшанбе иттилоъ расид, ки ҷангҷӯёни вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.

Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 15 август, пас аз ишғоли Кобул аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати радикалии Толибон раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард.

Пас аз тарки Ғанӣ Афғонистон дар кишвар ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ бар уҳда дорад.

Қарор аст, раҳбари дафтари сиёсии Толибон дар Қатар мулло Бародар раҳбари Афғонистон таъин шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *