Чиптаҳоро арзон кунед!

Мақомоти тоҷик ҷаҳиши нархи билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон — Русияро бепоя хонда, хостори ислоҳи фаврии вазъ шудаанд. Ҳудуди 10 рӯзи ахир мушоҳида мешавад, ки қимати билетҳо дар хатсайрҳои Тоҷикистону Русия якбора як баробар боло рафтааст.

Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ва ҳам Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ба «Sputnik« гуфтанд, ки болобарии нархҳо аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардӣ асос надорад. Аз ин хотир, онҳо бояд нахуст қимати билети ҳавопайморо коҳиш ва сипас дар бораи беш аз ҳад ва ғайримантиқӣ боло бурдани нарх тавзеҳ диҳанд.

Дар ин робита идораҳои дахлдори ҳукуматӣ 18-уми январ дар Агентии авиатсияи гражданӣ як нишасти изтирорӣ баргузор карданд. Дар ин нишаст Икром Субҳонзода, роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ, Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Уралские авиалинии», «Ютэйр», “Сибир”, «Северний ветер» ва «Сомон Эйр», ки аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд, ҳузур доштанд.

«Мо аз намояндагони ширкатҳои ҳавонавардӣ қатъиян хостем, ки болобарии ғайримантиқии нархи билетҳоро хотима диҳанд. Онҳо дар ҷараён гузошта шуданд, ки агар қиматҳоро коҳиш надиҳанд, Агентии авиатсияи гражданӣ иқдомоти муносиберо барои анҷоми парвозҳои муназзами онҳо дар оянда анҷом хоҳад дод”,- гуфт манбаъ.

Ҳамчунин, ин идора номаҳои расмӣ ба мудирони кулли ширкатҳои ҳавопаймоӣ ирсол кардааст, ки дар он онҳо хостори коҳиши фаврии нархи билети ҳавопаймо шудаанд.

Агентии авиатсияи гражданӣ дар ин нома бори дигар ба ширкатҳои ҳавонавардӣ ёдовар шудааст, ки чиптаи омадурафт миёни Тоҷикистон ва Русия набояд беш аз 500 доллар фурӯхта шавад.

«Мисол, агар тақозо барои билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав зиёд бошад, ширкатҳо метавонанд қиматҳоро аз 300 то 350 доллар ва барои бозгашт ба Душанбе 150 доллар таъйин кунанд. Аммо рафту баргашт набояд аз 500 доллар зиёд шавад”,- гуфт манбаъ.

Ҳудуди даҳ рӯз ба ин сӯ қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз як баробар боло рафт. Бино ба нархномаҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ нашр кардаанд, ба гунаи мисол, нархи як билети парвози Душанбе то Маскав беш аз 5 ҳазор сомонӣ аст, дар ҳоле ки моҳи декабр 2,4 ҳазор сомонӣ буд.

Нархи билет аз дигар шаҳрҳо — Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба самти Маскав низ ба таври ҳамсон гарон шудааст, дар ҳоле ба дигар шаҳрҳои Русия каме арзонтар аст. Масалан, билети Душанбе — Самара ва Нижний Новгород то 3,5 ҳазор сомонӣ (23 ҳазор рубли русӣ) нарх дорад. Ба қавли кормандони билетфурӯшиҳои шаҳри Душанбе, сабаби гароншавии билет аз Тоҷикистон ба Русия ба афзоиши талаботи мусофирин бастагӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *