Чаро нархи чипта гарон аст?

Ба матлаби “Чиптафиреб.  Ё танзим кунед, ё истеъфо диҳед”, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” №25 (1432) 2021 чоп шуда буд ва  оид ба вазъи имрӯзаи фурӯши чипта, сарсониву саргардонӣ дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ изҳори нигаронӣ карда мешуд, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва муовини  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гуфтанд.

Посухи Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон

Бояд қайд кард, ки барқароршавии парвозҳои мунтазам бо Россия пас аз таваққуфи яксола ва дар мавсими сафари муҳоҷирони меҳнатӣ рост омада, шумораи парвозҳо басанда набуда, теъдоди хоҳишмандони парвоз хеле зиёд, аммо парвозҳо маҳдуд буданд. Сабаби зиёд будани хоҳишмандон ҳам ин буд, ки як соли тамом (аз марти 2020 то марти 2021) шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷики муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти гуногуни Россия, иҷозаи парвоз ба Россияро надоштанд.

Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ

Аз ин вазъ гурӯҳҳои судҷӯ ба нафъи худ истифода бурда, камбуди чипта ва талаботи зиёди мусофиронро беинсофона ва ғайриахлоқӣ ба манбаи даромади худ табдил доданд. Вақте қимати чиптаҳо боло рафт, ин норизоиятии мусофиронро ба вуҷуд овард ва теъдоди зиёди онҳо ба Агентӣ муроҷиат карданд, шикоятҳои онҳо дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ дар шакли навишторӣ ва дидорӣ (видеоӣ) низ баён шуд. Кор ба ҷое кашид, ки қимати як чипта то ба 1500 доллар расид.

Ин ҳол на фақат мусофирон, балки мақомоти Тоҷикистон, пеш аз ҳама Агентии авиатсияи гражданиро ба ташвиш овард.

Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас барои паст кардани арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, Агентӣ бо иштироки намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия якчанд маротиба ҷаласа баргузор намуда, аз онҳо қатъиян дархост намуд, ки ҷиҳати поён бурдани арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ чораҳои таъхирнопазири ҷиддӣ андешанд. Ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия мактуб ирсол гардида, дархост карда шуд, ки нархи чиптаи ҳавопайморо дар доираи на зиёда аз 450-500 доллари ИМА фурӯшанд, дар акси ҳол, масъалаи минбаъд амалишавии парвозҳои чартерии онҳо бе баррасӣ ҳоҳад монд.

Дар ин асос, ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия бо мактубҳои расмии худ розигии худро баён намуда, нархи чиптаро на зиёда аз 500 доллар муайян намуданд ва парвозҳою хатсайрҳои ин ширкатҳо афзоиш дода шуд.

Нархи чипта аз 1200-1400 доллар то ба 500 доллар поён фароварда шуда, арзон гардида, мусофирон ба самти Федератсияи Россия бе мамониат сафар намуда истодаанд.

Агар пеш аз поён фаровардани арзиши чипта дар 24 рӯзи моҳи майи соли равон наздики 45 ҳазор мусофир ба самти Россия сафар намуда, бошад, пас аз арзон гардидани нархи чипта ва афзоиш додани хатсайрҳо танҳо дар як моҳи охир (аз 26 май то 23 июн) наздики 81 ҳазор мусофир ба Русия парвоз кар.

Нисбат ба гуфтаҳои муаллиф оид ба нархи чипта, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба самти Душанбе-Москва (тавассути Тошканд) 8500 сомонӣ муайян шудааст, ба маълумоти муаллиф мерасонем, ки тибқи маълумоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ширкати мазкур бо самти Тошканд ҳафтае як маротиба парвози мунтазам иҷро менамояд ва ҳавопаймо аз Тошканд ба фурудгоҳи Душанбе бармегардад. Нархи чипта дар ин масир вобаста ба рӯзи парвоз аз 1815 сомонӣ (ҳадди камтарин) то 2296 сомонӣ (ҳадди бештаринаш) аст.  Ба самти Москва бошад парвозҳои мунтазам ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд ва нархи чипта вобаста ба санаи парвоз аз 4125 сомониву 30 дирам то 5638 сомониву 30 дирамро ташкил медиҳад. Чиптаи хатсайрҳои мунтазами ба самти Федератсияи Россия иҷрошавандаи “Сомон Эйр” аз ҷониби Агентии алоқаи ҳавоӣ фурӯхта мешавад ва хазинаҳои агентии мазкур дар фурудгоҳ низ ҷойгир шудаанд.

Мушкилоти пешомада дар ҳамлу нақли мусофирон аз паёмадҳои пандемияи COVID 19 хоси тамоми ҷаҳон аст. Роҳбарияти Агентӣ на фақат ҳамчун мансабдор, балки ҳамчун як инсон, чунин мушкилиро ҳатто барои душманаш намехоҳад, аммо барои ҳалли он ва ҳимояти манфиатҳои мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар хизмат буду ҳаст ва хоҳад монд.

Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ

Посухи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” мақомоти давлатии зиддинҳисорӣ нархҳои (тарифҳои) хизматрасонии субъектҳои хоҷагидорро, ки дар бозорҳои моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро ишғол мекунанд, танзим ва мувофиқа менамояд.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолате мавқеи ҳукмфармоӣ шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор сарфи назар аз баланд будани андозаи нишондода мавқеи ҳукмфармо надоштани худро дар бозор исбот карда тавонад.

Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ

Вобаста ба ин, ҳиссаи як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар самтҳои байналмилалӣ сию панҷ фоиз ва зиёда аз онро ташкил намедиҳад ва дар ин сегменти бозори молӣ дигар ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ низ иштирок меварзанд, ки ҳиссаи онҳо аз 50 фоиз зиёд мебошад. Бинобар ин, фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар самтҳои байналмилалӣ бо сабаби надоштани мавқеи ҳукмфармоӣ дар ин бозор таҳти танзими зиддиинҳисорӣ қарор намегиранд ва хизматрасонии худро дар бахши мусофиркашонӣ ба самтҳои байналмилалӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ мустақилона амалӣ менамоянд.

Парвозҳои ҳавопаймоӣ, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ анҷом дода мешаванд, онҳо дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ амалӣ карда шуд, таҳти танзими қонунгузории зиддиинҳисорӣ қарор намегиранд.

Бинобар ин ва бо назардошти вазъи баамаломада Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ҳамкориро бо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ ба роҳ монда, аз онҳо мактубҳои кафолатиро оид ба риояи нархи муқарраргардида дастрас намудааст.

Бояд қайд кард, ки бинобар сабаби ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо аз тарафи давлатҳои хориҷӣ барои ворид шудан ба қаламрави онҳо ва зиёд шудани талабот ва парвозҳои ҳавопаймоӣ болоравии нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар бозори кишвар ба назар расида истодааст, ки вобаста ба муътадил гардондани вазъи он аз ҷониби мақомоти марбутаи давлатӣ ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

С. Қурбонзода, муовини якуми сардори Хадамот

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *