Чиптаҳои гаронқиммат — мушкилоти асосии муҳоҷирон дар ватан
Бо оғози мавсими муҳоҷират нархи парвозҳо то Русия аз Тоҷикистон якбора баланд рафтааст. Нархи билетҳо то Русия барои як тараф аз 2800 сомонӣ оғоз ёфта, то ба ҳадди 5000 сомонӣ мерасад.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо оғози мавсими муҳоҷират нархи парвозҳо то Русия – макони асосии сафари муҳоҷирони кории тоҷикро якбора боло бурдаанд.
Дар сомонаи ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр” барои парвози рӯзи 16 марташ аз Душанбе то Маскав барои як тараф 469 евро нарх мондаанд, ки бо қурби расмӣ аз 4000 сомонӣ бештар аст. Ва ин нархи билети арзонтарини ин ширкат барои ин парвоз аст.
Онҳое ки бо 469 евро билет харида натавонанд, маҷбуранд алакай бо нархи аз 499 то 589 евро (5000 сомонӣ!) билет бихаранд.
«Сомон Эйр” нархи билети парвозаш то Екатеринбурги Русияро аз 252 то 267 евро, то шаҳри Красноярскро аз 227 то 247 евро ва ба Краснодарро аз 382 то 407 евро муқаррар кардааст.
Нархи парвозҳои ин ширкат ба дигар шаҳрҳои Русия низ боло рафтааст.
Ҳар сол бо оғози мавсими муҳоҷирати аҳолӣ ба Русия ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи билетҳои худро башиддат боло мебаранд.
Чунин нархҳои миёншикани паровзҳо аз Тоҷикистон чандин сол боз мояи интиқоди тунди муҳоҷирони роҳии сафари Русия қарор мегирад. Ба бовари онҳо, ширкатҳо ба хотири ба даст овардани фоидаи бузург миёни мардумеро, ки ба ҷустуҷӯи як қути лоямут роҳи мусофиратро пеш гирифтаанд, ҳанӯз қабл аз сафар мешикананд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ