«Шоҳмансур» : Муноқишаи донишҷӯён бо савдогарон

Бино ба итилои Вазоратикорҳои дохилии Тоҷикистон муноқишаи гуруҳӣ миёни донишҷӯён ва савдогарони бозори “Шоҳмансур” сурат гирифтааст

 Ҳодисаи мазкур нисфирӯзи 12-уми март рух дода, гуруҳҳои даргир ҳамдигарро латтукӯб намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд: “Чор сокини Душанбе, ҷавонони аз 18 то 21-сола, ки ду нафарашон донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ мебошанд, тахминан соати 14:30-и 12-уми март дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт бо се ҷавони аз 23 то 30-сола, савдогарони бозори “Шоҳмансур”, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Восеъ вохӯрда, муноқиша карданд. Дар пайи муноқиша ҷавонон тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ҳамдигарро лату кӯб кардаанд”.

Маъмурини милиса сабаби сар задани муноқишаро шарҳ надодаанд, аммо дар қазия донишҷӯёну ҳамроҳонашонро гунаҳкор мекунанд: “Айни ҳол ин ҷавонон бо иттиҳоми авбошӣ дастгирӣ шудаанд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *