Чои кабуд доруи коронавирус?

Пажуҳишгарони Маркази тиббии Донишгоҳи Улма эълон доштанд, маҳсулоти табииеро кашф намудаанд, ки то 97 дарсад таъсири манфии коронавирусро дар бадани инсон кам мекунанд.

Бознашри матлаб дар пойгоҳи bioRxiv дастрас мебошад.

Дар феҳрасти ин маҳсулоти муфид, чойи кабуд, оби анор ва ғубайрои сиёҳ ё худ “рябина”-и сиёҳро ном бурдаанд.

Пажуҳишгарон мегӯянд, чун коронавирус нахуст гулӯро сироят мекунад, афшура ё худ шираи рябинаи сиёҳ фаъолии коронавирусро дар бадан то 97 дарсад кам месозад.

Таъкид шудааст, ки чойи кабуд ва оби анор метавонанд то 80 дарсад коронавирусро заиф созанд.  

Ба гуфтаи пажуҳишгарон, афшураҳои табиӣ ва чойи кабуд фазои туршро фароҳам карда, дорои полифенолҳое мебошанд, ки ба COVID-19 таъсири манфӣ мерасонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *