Дар Иркутск ба рӯи роҳ устухони одамро партофтаанд

Акксари ин устухонҳо қабрҳои як қарн пеш мебошанд.

Интерфакс хабар додааст, ки дар кӯчаҳои минтақаи сибирии Иркутски Русия ба роҳҳое, ки ях зада буданд, хоки омехта бо устухону дигар бозмондаҳои инсонро рехтаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 15-уми ноябр аксҳое нашр шуд, ки дар он дида мешавад, дар кӯчаҳои шаҳри Киренск рӯи замин хоки омехта бо пораҳои устухон ва ҳатто сари инсон пошида шудааст. Ин аксҳо ҳамон замон мавриди интиқоди корбарони шабакаҳо гардид. Полиси Иркутск ба Интерфакс тасдиқ кард, ки воқеан ҳам ин устухонҳои инсон буд ва бар асоси ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Як манбаъ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ширкате, ки бо корҳои роҳсозӣ машғул будааст, барои рӯи замини яхзада пошидани хок аз қабристони наздик ба он макон истифода кардааст. Манбаъ гуфтааст, ки аксари ин устухонҳо қабрҳои як қарн пеш мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *