чой

Чойи кабуд одамро ҷавон мекунад? 5 афзалияти чой

Ҳамеша ҷавону зебо мондан орзуи ҳар як инсон аст. Одамон барои ҷавону зебо мондан аз роҳу усулҳои гуногун истифода мебаранд. Яке аз ин роҳҳо бештар нӯшидани чойи кабуд аст. Нашрияи «Новий очаг» дар бораи хусусиятҳои шифобахшӣ ва ҷавонсозии чойи кабуд навиштааст.

Асрори чойи кабуд

Чойи кабуд дорои пайвастагии табиие мебошад, ки бо номи эпигаллокатехин галлат (EGCG) машҳур аст. Тибқи таҳқиқоти гузаронидаи олимон ин модда оксидантҳоро дар бадан пеш аз он ки ба ҳуҷайраҳо осеб расонанд, ғайри фаъол мегардонад, илова бар ин, ба истеҳсоли инсулин таъсири танзимкунанда дорад.

Мехоҳед асабҳоятон ором бошанд?

Чойи кабуд дорои кофеин аст, аммо ба ғайр аз кофеин, як унсури дигаре низ ҳаст, ки таъсири онро мӯътадил месозад. Допамин ва серотонин барои рӯҳияи хуб масъул буда, чойи сабз бо шир ба кас оромии комил мебахшад.

Чойи кабуд лоғар месозад?

Чойи кабуд барои кам кардани вазн кӯмак мерасонад, албатта ба шарте, ки дар баробари нӯшидани чой тамрин намоед. Тадқиқоти ахир нишон дод, онҳое, ки дар як рӯз 7 пиёла чойи сабз нӯшида, машқ карданд, нисбат ба гурӯҳе, ки ҳамон машқро анҷом медиҳанду вале чой наменӯшидаанд, дар тӯли як моҳ 3 дарсад бештар вазни худро гум кардаанд. 

Чойи кабуд давои саратон?!

 Галлати эпигаллокатехин (EGCG), ки дар аввали мақола зикр шудааст, қодир аст афзоиши ҳуҷайраҳои саратонро боздорад.  Чойи кабуд барои пешгирии саратон хеле муҳим аст, албатта, на ҳамчун воситаи мустақил ва ягона, балки ҳамчун як қисми терапияи умумӣ.  Имрӯзҳо олимони соҳаи тиб истифодаи галлатии синтезшудаи эпигаллокатехинро дар табобати саратон таҷриба мекунанд.

Чойи кабуд  рӯдаҳоро муҳофизат мекунад

Чойи сабз барои ғизодиҳии микрофлораи рӯдаҳо муфид аст, илова бар ин, ба ҷигар таъсири мусбат мерасонад. 

Фикр мекунед, ки пробиотикҳо танҳо дар шир мавҷуданд? Не, чойи сабз манбаи бактерияҳои муфиде мебошад, ки аз сироят ва илтиҳоб муҳофизат мекунанд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *