Лоиқ Раҷабов бо дахолати МакГрегор аз набард маҳрум шуд

Муборизи амрикоии UFC Адриан Янез (16-3), ки дар вазни сабук мубориза мекунад, овозаҳоро дар бораи таъсири Конор МакГрегор ба ҳайати ширкаткунандагони мавсими 31-уми The Ultimate Fighter, ки ў мураббӣ аст, тасдиқ кард.

Пештар МакГрегор ба сарпарастии размкоронаш айбдор карда мешуд. «Ин дуруст аст, яке аз шарикони ҳамнабарди ман ба хона фиристода шуд»,- гуфт Янес дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Чанд ширкаткунанда дар мавсими 31-уми The Ultimate Fighter (TUF) бо дахолати қаҳрамони собиқи UFC Конор МакГрегор аз намоиши реалити-шоу пеш аз оғози он хориҷ карда шуданд. Ирландӣ ин размкоронро аз ширкат маҳрум кард, то барои варзишгароне, ки аз ҷониби ў интихоб шуда буданд, ҷой ҷудо кунанд.

Дар миёни онҳо размкори тоҷик Лоиқ Раҷабов аз TUF-31 хориҷ шуд. Пештар размкор дар вазни миёнаи UFC Гилберт Бернс гуфта буд, ки ҳамдастаи ў Лоиқ Раҷабов дар намоиши The Ultimate Fighter 31 ширкат намекунад, зеро МакГрегор варзишгари тоҷикро бо размкори худ иваз кардааст.

Раҷабови 32-сола бори охир моҳи январи соли 2022 дар майдони Eagle FC 44 қувваозмоӣ карда, дар даври аввал Зак Зейнро тавассути зарбаи бараҳнаи пушти сар мағлуб карда буд. Ў дар корномаи худ 16 ғалаба ва 4 шикаст дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *