Чопи 7 ҷилдаи Лоҳутӣ ва нашри 5 ҷилди куллиёти Айнӣ

Куллиёти осори шоири инқилобии тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ дар 7 ҷилд аз чоп баромад. Ин нашри илмӣ-интиқодиро Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон омода намуда, ба муносибати ҷашни 130-солагии шоир дастраси умум кардааст. Ин нуктаро Президенти Академияи улум академик Фарҳод Раҳимӣ, зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш ба хабарнигорон ироа кард.

Раҳимӣ гуфт, ки куллиёти мукаммали осори саромади адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, низ дар 27 ҷилд нашр хоҳад шуд: — «Ба пешвози ҷашни 140 солагии устод Айнӣ, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ қайд карда мешавад 5 ҷилди аввали куллиётро нашр хоҳем кард.»

Ҳамчунин, президенти  АИ қайд кард, ки нашри ҷилдҳои баъдии «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҳарфҳои «Б», «В», «Г» ва «Д») омода шуда, ба қариби нашр хоҳад шуд. Ҳамчунин дар нишаст қайд шуд, ки олимони Институти таърих, этнография ва бостоншиносии АИ китоби «Таърихи этногинези тоҷик»-ро навиштаанд, ки он ҳам интизори нашр аст.

Дар нишаст гуфта шуд, ки олимони АИ дар шаш моҳи соли 2017 3 рисолаи докторӣ ва 14 рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *