Талабаи «Лексус «- савор пиёдагардро пахш кард

Дирӯз тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Раҳимӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Сомонӣ, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун, донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи Кӯҳии Металлургиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ  хабар доданд, дар натиҷаи ин садама пиёдагард, Қурбонов С.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус ЯХ-330», ноболиғ, Сайдалиев Ҳадятуллоҳ Абдулҳамидович, соли таваллудаш 2001, сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, хонандаи синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки автомашинаи мазкур ба падараш, Сайдалиев Абдулҳамид Муҳиддинович, соли таваллудаш 1968  тааллуқ дорад, бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Школьник сбил пешехода на «Лексусе» своего отца

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *