Панҷ санади ҳамкорӣ бо Шри Ланка

Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистонро Майтрипала Япа Сирисена, президенти Шри-Ланка дар назди қасраш истиқболи расмӣ гирифт. 

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ки тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом горди фахрӣ саф ороста аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд: “Сипас мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена ва музокироти байнидавлатии сатҳи олии Тоҷикистону Шри — Ланка бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои имрӯза аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни кишварҳои мо мебошанд ва изҳори умедворӣ менамоям, ки онҳо дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Шри-Ланка саҳифаи наверо боз хоҳанд кард”. Ҷонибҳо таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри — Ланкаро мувофиқи мақсад шумурдаанд: “Аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозии татбиқи амалии лоиҳаҳои иқтисодӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, барои таъсиси корхонаҳои муштараки гуногуни саноатӣ оид ба истихроҷ ва коркарди сангҳои қимматбаҳо, инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он барои омӯзиш пешниҳод гардид. Ҷалби сармояи Шри — Ланка барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи обии барқӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқи дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуд”.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон Майтрипала Япа Сирисенаро ба Тоҷикистон даъват намуд ва президенти Шри-Ланка онро пазируфт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена 4 санади дуҷониба ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *