Се писирам дар Русия гум шуд

Ба хабарнигори «tajikistantimes.tj” аз ноҳияи дурдасти Нуробод Роҳила ном зане дар иртибот шуда, гуфт, ки ӯро гумном гаштани се писараш ба он водор намудааст, ки ба идораи сомона муроҷиат намояд. Ин зан бо шавҳараш 45 сол дар як болин сар ниҳода, соҳиби шаш фарзанд гашта бошад ҳам, бо амри тақдир се духтараш аз бемории сил пай дар пай  дунёро падруд гуфтаанд. Ин модари аламзада бо садои гиряолуд қисса кард, ки писари калонияш Шоҳмурод бо зану фарзандонаш ба Русия рафта, як сол пас бародаронашро низ ба назди худ таклиф кардааст. Бародарон ба умеди ёфтани ризқу рӯзӣ бо аҳли оилаҳояшон ба муҳоҷират мераванд, то ҳамакаса кор карда, маблағи кироӣ ҷамъ кунанд, вале бо ҳамин бедарак гаштаанд.

“Аввалҳо писари хурдиямон Нозимҷон гоҳ-гоҳ телефон карда аз ҳолу аҳволамон бохабар мегашт, вале баъдан вай ҳам гӯё дар Тоҷикистон падару модар доштанашро фаромӯш карда бошад, дигар занг намезадагӣ шуда монд. Намедонам бачаҳоям пул надоранд ё бо онҳо ягон ҳодисаи нохуш рӯй додааст, ки ҳеҷ аз худ дарак намедиҳанд” мегӯяд модар ва зор-зор мегиряд.

Роҳилахола се сол боз ташнаи дидори фарзандонаш буда, шабу рӯз бо умед чашмашро аз дар намеканад, ки шояд ҳамин замон ё замони дигар ҷигарбандонаш бо зану бачаҳояшон аз дар медароянд, вале…

Ин зани муштипар бо шавҳараш Акрам дар кулбаи лоини худ бо дарду ғам умр ба сар бурда, кӯки чашмонашон аз интизорӣ кандааст. Роҳилахола умедвор аст, ки бо кӯмаки саҳифаи “Муҳоҷир”-и сомонаи «tajikistantimes.tj” писарони гумшудаашро пайдо мекунад ва кулбаи эҳзонаш аз нав пурнур мегардад.

Мо аз фарзандони ин модари чашминтизор ва тамоми шахсоне, ки онҳоро мешиносанд ё дидаанд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  занг зада, бо паёми хуше ин пиру кампири чашмбароҳро шод гардонанд.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *