Чор тоҷик дар садамаи Самара мурданд

Намояндагии вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Русия исми 4 шаҳрванди тоҷики дар садамаи нақлиётӣ дар Самара ҳалокшударо нашр карданд. Дар садамаи пурқурбонии субҳи 13 июл дар вилояти Самара ин 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд:

1.Кенҷа Аҳмадович Раҳимов, 07.11.1963, ноҳияи Ёвон

2.Муҳаммадӣ Пирмаҳмадович Роибов, 15.05.19967, ноҳияи Панҷ

3.Маҳмудҷон Алимхонович Бойқулов, 20.06.1984, шаҳри Кӯлоб

4.Мурод Саидмуродович Саидмуродов, 03.10.11963, ноҳияи Шаҳринав

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 14 июл ба хабарнигорон” гуфт, ки қурбониёни ин садама аз ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон будаанд: «Ҳамаи ҳалокшудагон, ҳамчунин нафаре ки ҷароҳат бардоштааст, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар ин садама 4 шаҳрванди Тоҷикистон – Кенҷа Аҳмадович Раҳимов аз ноҳияи Ёвон ва Мурод Саидмуродович Саидмуродов аз Шаҳринав, ҳарду 54-сола, Маҳмудҷон Алимхонович Бойқулови 33-сола аз Кӯлоб ва Муҳаммадӣ Пирмаҳмадовичи Роибови 20-сола аз ноҳияи Панҷ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”

Нафаре, ки дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад, Ҳоким Мадалиевич Мирзоев, санаи таваллудаш 28.09.1975, аз ноҳияи Ҳамадонӣ будааст.

Субҳи 13 июл бар асарибархӯрди як мошини «Ҳундай Солярис” бо мошини боркаш дар шоҳроҳи Толятти – Сизран дар ҳудуди вилояти Самараи Русия 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, якеи дигарро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол доданд.

Пулиси вилояти Самараи Русия хабар дод, ки субҳи 13 июл, соати 06:30 дар шоҳроҳи М-5 як мошини «Ҳундай Солярис”, ки ба он як шаҳрванди Тоҷикистон ронандагӣ мекард, ҳангоми ҳаракат аз Толятти ба самти Сизран ба самти муқобили роҳ баромада, бо як мошини боркаши навъи «Рено Магнум” бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садама ронандаи мошин ва се мусофирашдар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Аз ин садама танҳо як мусофири «Ҳундай” – шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистон ҷон ба саломат бурдааст. Пулис мегӯяд, ки ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии шаҳри Жигулёвск интиқол додаанд.

Аксҳо ва видеоҳои нашршуда аз ҷои ҳодиса нишон медиҳанд, ки мошини сабукрав дар натиҷаи бархӯрд бо мошини боркаш шадидан хароб шудааст ва зинда мондани яке аз мусофиронаш худ ба як мӯъҷиза мемонад.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин 5 шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 13 июл дар шоҳроҳи М-5 чӣ мекарданд, вале маъмулан муҳоҷирони корӣ аз ин роҳ барои убури марзи Қазоқистон истифода мекунанд. Тибқи қонунҳоии муҳоҷирати Русия, муҳоҷирони корӣ бояд дар зарфи 90 рӯз қаламрави ин кишварро тарк кунанд ва танҳо дар сурати вуруди дубора метавонанд аз нав асноди худро барои идомаи кору фаъолият дар ин кишвар дуруст кунанд.

Муҳоҷирон ба ин далел маҷбур мешаванд, чанднафарӣ ягон мошинро киро карда, худро ба марзи Қазоқистон бирасонанд ва баъди хуруҷ аз Русия дубора ворид шаванд. Аз ноҳиязои мухталифи Тоҷикистон будани қурбониёни садамаи Самара низ ба эҳтимоли барои убури марз сафар доштаани ин шаҳрвандони Тоҷикистон ишора мекунад.

Рӯзи 20 феврал ҳамин гуна дар ҳудуди вилояти Саратов 6 муҳоҷир — 5 шаҳрванди Узбекистон ва як марди 32-сола аз Тоҷикистон дар натиҷаи бархӯрди мошинашон бо як мошини дигар ҳалок шуданд. Ба гуфтаи пулис, муҳоҷирони хориҷӣ зоҳиран барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия аз гузаргоҳи Озинки дар марзи Русия бо Қазоқистонро убур карда, билофосила ба Русия баргаштаанд ва роҳии маҳалли кори худ – шаҳри Маскав будаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *