Секс бо се духтари ноболиғ

Бино ба гузоришҳо, як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Колчугинои вилояти Владимири Русия ба алоқаи ҷинсӣ бо ду духтари 13-сола ва як духтари 12-сола айбдор мешавад. Тафтишот мегӯяд, ин ҷавон духтарони ноболиғро бо тӯҳфаҳое, чун шоколаду бозича, ба алоқаи ҷинсӣ моил кардааст.

Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Владимир хабар дод, ки мақомоти тафтишотии шаҳри Колчугино рӯзи 12 июл тафтиши парвандаи «шаҳрванди 27-солаи яке аз кишварҳои хориҷаи наздик”-ро бар асоси қисми чоруми моддаи 134-уми Кодекси ҷиноятии Русия (алоқаи ҷинсӣ бо беш аз ду нафаре ки ба синни 14 нарасидааст) ба анҷом расонда, барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд.

Тафтишот мегӯяд, ин мард дар соли 2013 ба ҷустуҷӯи кор ба Русия омада, ғайриқонунӣ дар инҷо зиндагӣ мекард. Ин мард, ки номаш гуфта нашудааст, дар соли 2016 ба шаҳри Колчугино омада, дар инҷо бо як духтари 12-сола шинос шудааст.

Тафтишот мегӯяд, мард аз ин духтари ноболиғ хостааст, ки ӯро бо дугонаҳояш низ шинос кунад: «Ду духтари 13-сола ва як духтари 12-сола бо ин фикр, ки ин як ошноии оддист, бо айбдоршаванда, ки ба онҳо бозичаҳои нарму шоколад тӯҳфа мекард, мулоқот мекарданд.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии раёсати тафтишоти вилояти Владимир, ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки ин мард ба мушкили гетеросексуалӣ гирифтор будааст, яъне майл доштааст, то тамоюли ҷинсиашро иваз кунад.

Тафтишот мегӯяд, ки айбдоршаванда дар рафти тафтишот иттиҳомоти эълоншударо ба гардан нагирифт ва гуфт, ки ин духтарон ба вай тӯҳмат зада истодаанд.

Раёсати тафтишоти вилояти Владимир дар хабари расмиаш исми айбдоршаванда ва аз кадом кишвар будани ӯро ифшо накарда, танҳо бо ибораи «шаҳрванди 27-солаи яке аз кишварҳои хориҷаи наздик” иктифо кардааст.

Аммо нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумлаи шабакаи телевизиони вилоятӣ, бо такя ба манобеи наздик ба тафтиши ин парванда навиштаанд, ки айбдоршаванда шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ҳоло бар асоси қисми чоруми моддаи 134-уми Кодекси ҷиноятии Русия ба ин шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон акнун аз 8 то 15 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *