Сафири Фаронса: Ман аз Тоҷикистон  меомӯзам

Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур бо хонум Ясмин Гуедар

Ҳамасола 14 июл дар Фаронса ҳамчун Рӯзи Ҷашни миллӣ, рӯзи гирифтани Бастилия қайд карда мешавад. Ба ин муносибат Шариф Ҳамдампур бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Ясмин Гуедар  суҳбате дошт, ки пешкаши хонандагони “Тоҷикистон” месозем.

-Муҳтарам сафир! Соли гузашта нахустин машварати сиёсии Фаронса ва Тоҷикистон доир гардид. Он чӣ натиҷа дод?

— Воқеан нахустин машварати сиёсии Фаронса ва Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 баргузор шуд. Он имконият фароҳам овард, ки дар атрофи масоили минтақа, байналмилалӣ ва дуҷониба гуфтугӯйҳои озод сурат гиранд. Ман фикр мекунам, ки ҷонибҳо аз он қаноатманд шуданд. Далели ин хулосаи ман баргузор гаштани ҷаласаи навбатии ин муколамаи сиёсӣ охири имсол дар Душанбе мебошад.

— Дар мубориза бар муқобили экстремизм ва терроризми байналмилалӣ кишварҳои мо чӣ чораҳои якҷоя меандешанд?

— Назари кишварҳои мо дар мавриди мубориза бар муқобили терроризм қариб ба ҳам мувофиқанд. Мо дар ин мавзӯъ муколамаи боэътимод мебарем. Масалан, мо дар самти мубориза бо радикализм табодули таҷриба кардем. Умедвор ҳастам, ки ин ҳамкорӣ, бахусус миёни хадамоти мутаалиқа, вусъат хоҳад ёфт.

-Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Фаронсаю Тоҷикистонро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед? Дар ин ришта кадом самтҳоро соҳиб афзалият меҳисобед?

-Муносибатҳои иқтисодӣ байни Фаронсаю Тоҷикистон рӯ ба пешравист. Амалӣ сохтани якчанд лоиҳа дар соҳаҳои гуногун, ба мисли хӯроквории аграрӣ, энергетикӣ ва нақлиёт  дар назар аст. Яке аз ҳадафҳои ман вусъат бахшидани муносибатҳои иқтисодист. Ба ин хотир, ман зуд-зуд ба маҳалҳо меравам, бо роҳбарони сохторҳои иқтисодии минтақаҳо, раисон, аз ҷумла бо раиси шаҳри Душанбе мулоқотҳо оростам.

— Фаронса сайёҳии кӯҳнавардиро дар Ӯзбекистон фаъолона сармоягузорӣ мекунад. Оё ҳамкории кишвари шумо дар риштаи сайёҳӣ бо Тоҷикистон имконпазир аст?

-Тоҷикистон кишвари зебост ва бисёр чизҳое ҳастанд, ки мебояд барои рушди рушди сайёҳӣ анҷом дод. Дар Фаронса бисёр муассисаҳое ҳастанд, ки баҳравар гаштан аз таҷрибаи онҳо аз манфиат холӣ нест.

-Чанд ширкати фаронсавӣ ва корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият мекунанд? Чаро шумораи онҳо кам аст?   

-Ширкатҳои бисёре ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ намудаанд. Ман «Tractebel»-ро дар назар дорам, ки дар сарбанди Роғун кор мекунад, гуфтугӯҳо доир ба модернизатсияи «Talco» рафта истодаанд. Инчунин, вобаста ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки ширкати «Vinci» сохтааст, дар бораи оғози корҳо барои сохтмони нуқтаи назоратӣ-диспетчерӣ гуфтушунид меравад. Шумо воқеан дуруст мегӯед, маблағгузорони хориҷӣ бо Тоҷикистон хуб ошно нестанд.

-Соли гузашта дар Душанбе аввалин гипермаркети силсилаи «Ашан» дар Осиёи Марказӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ин барои маблағгузорон то чӣ андоза манфиатовар буд?

-Шумо дуруст мегӯед, ки дар Осиёи Марказӣ «Auchan» фақат Тоҷикистонро маблағгузорӣ намудааст. Ин маблағгузорӣ фоидаи зиёде ҳам ба истеҳсолгарони тоҷик, ки «Auchan» аз онҳо маҳсулот мехарад ва ҳам ба истеъмолгарони тоҷик меорад. Саволи шумо бояд ба роҳбарони «Auchan» дода шавад, вале, ба фикрам, онҳо хеле розӣ ҳастанд, татбиқи лоиҳаҳои навро дар  Тоҷикистон ба назар доранд.

-Соли 2013 дар барномаи таълимии Донишкадаи миллии забонҳои шарқии Фаронса забони тоҷикӣ ворид карда шуда буд. Оё донишҷӯён дар дар омӯхтани он комёб ҳастанд?

— Дар Фаронса таваҷҷуҳ ба забонҳои минтақаҳо бештар мешавад. Шумораи зиёди донишҷӯён мехоҳанд барои такмили дониши худ иҷозати ба Тоҷикистон омадан бигиранд. Чунин ниятро олимоне низ доранд, ки тамаддуни тоҷиконро меомӯзанд, вале дар доираи хоҳишот ва имконоти худ наметавонанд ба Тоҷикистон сафар анҷом диҳанд. Ҳар қадаре ки дарҳои Тоҷикистон кушода шавад, ҳамон қадар забони тоҷикӣ ва фарҳанги тоҷикон ҷолибтар мешавад.

-Иттилое ҳаст, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд синфи забони фаронсавӣ кушода мешавад. Муаррифии он кай баргузор мешавад?

-Ба наздикӣ боз шудани синфи забони фаронсавиро дар Хуҷанд ман хуш мепазирам. Барои ин ман хеле талош кардам. Акнун роҳбарияти Тоҷикистонро лозим аст, ки иҷозати дахлдорро бидиҳанд. Умед дорам, ки онҳо ин корро тезтар ба анҷом мерасонанд ва ин боиси истиқбол ва мамнунияти мо хоҳад шуд.

-Бо ба сари  қудрат омадани Президенти нави Фаронса Эммануэл Макрон дар муносибатҳои Фаронсаю Тоҷикистон ягон дигаргунӣ ба миён меомада бошад?

-Ман бовар дорам, ки интихоби президенти нави ҷумҳурӣ ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мо такони тоза медиҳад ва иқдомҳои навин ба миён меорад.

— Шумо қариб як сол мешавад, ки сафири Фаронса дар Тоҷикистон мебошед. Таассуроти аввалинатон дар бораи Тоҷикистон чӣ тавр буд ва он дар ин муддати буду бошатон дар  дигар нашуд?

-Ҳар қадар ки бештар дар Тоҷикистон бошам, ба ҳамон андоза мафтуни ин кишвар мешавам ва онро ҳар чӣ бештар донистан мехоҳам. Барои ман камоли ифтихор аст, ки ҳар рӯз як чизи нав дар бораи Тоҷикистон меомӯзам ва аз ин ҷо барои кишварам хизмат мекунам.

-Фаронса кишвари соҳибтамаддун, бунёдгузори мӯди ҷаҳонист, бо таомҳои болаззати худ шуҳрат ва маҳбубият дорад. Дар риштаи фарҳанг ва ҳунар чӣ барномаҳо дар Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд?

 – Бо дастгирии Маркази фарҳангии «Бактрия», мехоҳам моҳҳои наздик дар пешбурди барномаҳои марбут забони фаронсавӣ нақш дошта бошам. Мо ҳамчунин, дар болои лоиҳаи ҷолиби татбиқи намоишгоҳ дар Париж, дар осорхонаи «Гийма» кор карда истодаем. Ин намоишгоҳ таърих ва тамаддуни Тоҷикистонро барои доираи васеи одамон муаррифӣ мекунад.

— Фаронсавиҳо ҳамеша ба Шарқи куҳан таваҷҷуҳ доштанд. Бостоншиносони фаронсавӣ ҳафриётро дар Саразми идома медиҳанд?

 –Бешубҳа. Ҳафриёти нав дар давоми ҳафтаҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд. Ин корро ворисон ва давомдиҳандагони кори бостоншиноси машҳур Ролан Безенвал,ки дар 67-солагиаш  дар Тоҷикистон фавтид, ба зимма гирифтаанд.

Шумо аз рӯйи маълумот эллиншинос мебошед. Айни замон низ ба таърих ва маданияти Юнон таваҷҷуҳҳ зоҳир менамоед? Чӣ чиз шавқ ва таваҷҷуҳи шуморо бештар бедор месозад?

 –Пеш аз ҳама, одамон мавриди таваҷҷуҳи банда қарор доранд. Бо онҳо  дар робита буданро меписандам. Барои ҳамин зуд-зуд ба сафари кишвар мебароям ва бояд бигӯям, ки бо одамони наҷибу меҳрубон ва дасткушод бисёр вомехӯрам.

Номи шумо Ясмин аст ва он шарқист. Медонед он чӣ маъно дорад ва ин номро ба шумо кӣ монд?

 –Номи худамро, ки рамзи гул мебошад, ниҳоят дӯст медорам. Аз модарам хеле миннатдорам, ки ба ман номи аз дигарон фарқкунанда додааст. Модарам хеле хурсанд мебуд, ки ман дар Тоҷикистон фаъолият дорам.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *