Чорабинии бошукуҳ бахшида ба ҷаҳонишавии “Фалак”

Дирӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба эътироф шудани “Фалак” ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Бино ба иттилои бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ дидан намуда, дар рӯнамоии китоби “Фалак сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”, ки бахшида ба ҷаҳонишавии Фалак рӯи чоп омадааст, иштирок кардаанд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, дар ин рӯз иштирокчиён аз тамошои лавҳаҳо ва наворҳои видеоӣ аз ҷараёни қабулшавии жанри “Фалак” дар ЮНЕСКО ва филмҳои омоданамудаи фарҳангшиносон баҳрабардорӣ намудаанд.

Дар маросими расмии бахшида ба эътироф шудани “Фалак” ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Назарзода суханронӣ намуда, изҳор доштааст, ки “дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон диққати хоса медиҳанд. Маҳз ба туфайли заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар соли 2021-ум 9 мавзеи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Аз ҷумла, санаи 15-уми декабри соли 2021 дар сесияи 16-уми Кумитаи байнидавлатӣ оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО, дар шаҳри Парижи Фаронса, «Фалак» ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримодии инсоният ворид карда шуд, ки дар ин дастоварди беназири таърихӣ Пешвои муаззами миллат саҳми ниҳоят муҳим доранд”.

Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баромад намуда, изҳор доштааст, ки “маҳз бо туфайли ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз жанри мусиқии классикии “Фалак” ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст”.

— Дар идомаи чорабинии бахшида ба ҷаҳонӣ шудани “Фалак” як зумра кормандону фаъолони соҳаи фарҳанг бо сипосномаҳои раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *