Президенти АМИТ: Китоби Шариф Ҳамдампур оммафаҳм аст

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби публитсист, журналист ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур таҳти унвони «ВЗГЛЯД: лица и события от Памира до Кремля» рӯнамоӣ шуд.

Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ибтидои  рӯнамоии китоби навбатии публитсист Шариф Ҳамдампур изҳор дошт, ки «муаллиф дар такя ба аснод, суҳбат бо чеҳраҳои намоён кӯшидааст чеҳраи академик Бобоҷон Ғафуровро ба хонанда бозгӯ кунад. Ҳарчанд дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров китобҳои бештар ба чоп расидаанд, вале онҳо илмӣ ҳастанд. Аммо китоби «ВЗГЛЯД: лица и события от Памира до Кремля» , ки муллифи он Шариф Ҳамдампур мебошад, оммафаҳм аст ва барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст».

Ҳамзамон, дар ҳамоиш Убайдулло Насруллоев, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, олим ва муаррихони шинохтаи тоҷик Ҳайдаршоҳ Пирумшоев, Қосимшоҳ Искандаров андешаҳои худро доир ба китоби «ВЗГЛЯД: лица и события от Памира до Кремля» ва шахсияти Бобоҷон Ғафуров баён намуданд.

Муаллиф дар охир таъкид дошт, ки баргузории чунин чорабинӣ поси хотири қаҳрамонони китоб — фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров, Бурҳонуддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд аст.

Ёдовар мешавем, ки китоби номбурда чанде пеш дар нашриёти бонуфузи “Родина”-и шаҳри Москва ба чоп расид. Дар меҳвари китоби нави журналист Шариф Ҳамдампур лаҳзаҳо аз рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров қарор гирифтааст, ки муаллиф онҳоро аз хотироти ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафарон, наздикони Бобоҷон Ғафуров ва бойгониҳо ҷамъ овардааст. Ин лаҳзаҳо на танҳо чеҳраи воқеии академик Ғафуровро боз мекунанд, балки парда аз рӯи ҳақиқати таърих мебардоранд.

Ҳамчунин, мусоҳибаҳо бо чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Бурҳонуддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, Сироҷиддин Аслов, Александр Проханов, Суҳроб Шарипов, Манижа Сангин, ки солҳои гуногун сурат гирифтаанд, шомили ин китоб гаридидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *