Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз Тора Бора то тоҷи Исмоили Сомонӣ

Ӯ аз ойинаи нилгун, дар рӯ ба рӯяш шоҳмуҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба тамошобинони беш аз 500- миллионаи “Русия -24” сухан мегуфт. Сухан аз Тоҷикистон, армони миллии мардуми ман, дастовардҳои кишварам ва омодагии он ба хатари ҳуҷуми эҳтимолии ДИИШ   мегуфт.

Ин суханони шахси одӣ набуд. Аз забони падари маънавии миллати рус, лидери идеологии Русия Проханов Александр Андреевич, ки ҳар ҳарфашро дар ин кишвар бо хатҳои зарҳалӣ менависанд, садо дод. Ӯ дар фазои пурғубори иттилотии  “дӯстон”  барои Тоҷикистон эҷодкарда равзанаи нур боз кард. Қабл аз он ки ин суханон садо диҳанд, се рӯз мо паҳлуи ҳам қарор доштем. Ибтидо дар хонаи ман. Вале фазои хонаи кӯчак барояш танг буд. Рӯй овардани ман ба онҳое, ки метавонистанд домони ин фазоро фаррох ва тасаввури ин мардро дар бораи кишварам пурра созанд, ба лабҳои дӯхта рӯ ба рӯ шуд. Ин лабҳои дӯхтаро хоҳиши узви ҳайати мушовараи « Тоҷикистон» Талбак Назаров низ боз накард. Хаёлан миёни ин лабҳои дӯхта лабҳои бозе пеши назарам омад, ки аз минбарҳо ҳангоми сафарашон дар талоши тарғиби маҳсулоти кишварашон — маҳсулоти кишоварзии аз нигоҳи экологӣ тозаи Тоҷикистонро наҳ мезананд. Мехостам ин ҳамаро Александр Андреевич бо чашмони худ бубинад. Наздиктарин роҳ домони қаторкӯҳҳои саршори дарахтони пурмеваи Ҳисор буд. Ба қабулгоҳи раиси «Агроинвестбонк» занг задам.

-Муродалӣ Алимардонов ҳузур доранд?- пурсидам аз котиба.

Посухи  «не» табъи маро хира кард. Проханов бори аввал ба Тоҷикистон ташриф оварда буд ва талоши дидану лаззат бурдан аз ин кишварро дошт. « Варзоб меравем»- гуфтам ба ӯ ва даст ба омадагӣ ба сафар задем. Ин дам садои занги телефон баланд шуд. Гӯшакро бардоштам.

-Салом. Ман Муродалӣ Алимардонов. Ягон хизмат буд?

Чунин ранг гирифтани корро интизор надоштам. Зеро одат кардаем, ки ба саволи мо, телефони мо ҷавоб намедиҳанд. Аммо Алимардонов, ин шахсияти нодир, ҳамеша ҳозиру нозир буд.

-Раис, меҳмон дорам, Проханов, мехоҳам боғоти домани кӯҳи Ҳисорро барояш тамошо диҳам… Ва хостам кӣ будани Александр Андреевичро барояш шарҳ диҳам.

-Медонам, бародар, лозим ба шиносонидан нест. Ба меҳмон гӯед, ки он ҷо як бӯстонсарояк дорем, метавонанд каме истироҳат кунанд.

Ба Александр Андреевич рӯй овардам. Ӯ, ки аз фазои пурғубору пурғавғои шаҳр хаста гашта буд, ин даъватро ба хушӣ пазируфт.

Мо шабе ғарқи  гулбоғи Тора Бора шудем.

Субҳ, баъди хӯрдани ғизо ҳарду саҳни ҳавлӣ баромадем. Боғбон ду курсӣ паҳлӯи ҳам гузошт ва мо чашм ба водии фаррохи Ҳисор, паҳлуи ҳам қарор гирифтем.

-Чаро ин мавзеъро Тора Бора мегӯянд?- пурсид Александр Андреевич.

Ин ном аз Афғонистон барои ӯ шинос буд. Ӯ борҳо ба минтақаи Тора Бораи Афғонистон, ки Бин Ладен паноҳ бурда буд,  сафар кардааст, дар бораи ин кишвари ҷангзада китобҳо навиштааст.

-Шояд аз калимаи тор — баландӣ бошад,- гуфтам дар ҷавоб.

Ин дам боғбон ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд:

-Чунин ном гирифтани ин мавзеъ таърихе дорад. Боре Ҷаноби Олӣ ба ин ҷо ташриф оварданд. Он кас ба ин баландӣ баромада, ба дуриҳои дур назар андохтанд ва  гуфтанд: “Ин мавзеъро Тора Бора ном мегузорем”. Гӯё дар Афғонистон, дар ватани Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам бо  ҳамин ном минтақае ҳаст ва аввалин мулоқоти он кас бо мухолифин дар ҳамон ҷо баргузор гаштааст. Боғбон  нақл кард, ки дар ин мавзеъ  беш аз 160 номгӯй дарахт ба миқдори 70 000  бех  шинонида шудааст.

Баъд аз шунидани  ин суханон Александр Андреевич ба андеша фурӯ рафт ва сипас сар боло карда гуфт:

-Ман акнун ду Тора Бораро медонам. Яке ҷангзада ва ғарқи хун дар Афғонистон, дигаре дарахтзор ва ғарқи гул дар Тоҷикистон. Шояд ин 70 000 дарахт ҳам як рамз бошад. Рамзи қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ…

Ҳангоми бозгашт ба Ватан ӯ бо меҳр  аз Тоҷикистон сухан мегуфт. Соате дер парвоз кардани тайёраи “Тоҷик -Эйр” ҳам табъи ӯро хира накард. Як дӯсти хирадпешаи ман аз омадани ӯ огаҳӣ ёфта, дар фурудгоҳ дастархони муҳаббат ороста буд.

Баъди пахши гуфтори телевизионии Александр Андреевич тариқи “Россия- 24” ба ӯ занг задам.

-Медонӣ, Шариф, — гуфт ӯ. Миёни ду шоҳсутуни Тора Бора чун ду худои Юнони қадим нишаста, суҳбат оростанамонро ҳеҷ наметавонам фаромӯш кунам.

Ман дар хиҷолат шудам ва фавран посух додам:

-Дурусташ миёни он шоҳсутунҳо шумо он мӯъҷизаи номбурдаатон будед, ки ман дар паҳлуяш қарор доштам.

Суҳбати мо миёни шоҳсутунҳо хеле кӯтоҳ — ҳамагӣ ду рӯз буд. Фишурдаи он ба хонандагони  «Тоҷикистон» пешкаш мегардад.

— Аз замоне ки шумо дар бораи мардуми Осиёи Марказӣ  романи «Садбарги кӯчӣ»(«Кочующая роза»)-ро навиштед, вақти зиёде гузашт.  Инак, баъди гузашти солҳои зиёд шумо  ба ин хок қадам гузоштед. Ин хок, ин мардумро  чӣ гуна дарёфтед?

— Ҳамаи эҷодиёти ман ба омӯзиши тақдири халқҳо  бахшида шудааст. Махсусан, тақдири халқи рус. Тамоми ҳаёт кӯшидаам асрори халқҳоро фаҳмам. Ва чизҳоеро ҳам фаҳмидам, аммо хело кам. Зиндагии  халқҳо афсона аст. Ман вақте роман- сафарномаи «Садбарги кӯчӣ»-ро менавиштам, ҳаёти адабии худро бо шӯру шар, бо як қувваи нав оғоз мекардам, ҳар як деталро дӯст медоштам ва атрофи он устура мебофтам ва ҳеҷ фикр намекардам, ки як рӯз не- як рӯз он сарзаминҳо, он  давлатҳо,  он халқҳое, ки миёнашон гаштугузор мекардаму ҷузъи як ватани бузурги ман буданд метарканд, аз байн мераванд. Фаромӯш намекунам, ки   дар Туркманистон саёҳат мекардам, бе нигаҳбон, тани танҳо ва дар замини худам қарор доштам. Як рӯз ба канали туркман, ба киштие наздик шудам ва аз капитан иҷозат пурсида,   савори он  шудам. Ҳаракат кардем, баъд аз чанде киштӣ дар порте истод. Мардуми он ҷо садои моторро фаҳмида, ба мо наздик шуданд. Мо дар он порт якҷоя палав хӯрдем, шароб нӯшидем ва баъд ҷудо шудем.  Барои ҳамеша. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки моро аз ҳам ҷудо мекунанд. Ҳеҷ гумон намекардам, ки дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯз мешавад, дар Қирғизистон ҳам чунин иттифоқ меафтад. Дар Ӯзбекистон ман одами бегона ва шубҳаворам мешавам, маро дигар ба масҷидҳои Самарқанд роҳ намедиҳанд… Ин бисёр сангин аст. Ва фикр мекунам давлатҳое, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ пайдо шуданд, хело зудшикан ҳастанд, ҳанӯз шакл нагирифтаанд ва онҳоро азобу уқубатҳои зиёде дар пеш аст.

— То ҷое, ки огаҳӣ дорам, шумо бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон ташриф меоред. Дастовардҳои  замони истиқлолияти онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Дастоварҳои Тоҷикистонро касе наметавонад инкор кунад. Вале ин лаҳза мову шумо дар бораи парвозҳои баланд ҳарф мезанем. Бузургии инсон ҳам ба андозаи бузургии андешаи ӯст. Ҷанге, ки дар Тоҷикистон шуд, сабаби асосиаш афтидан аз сабади  Шӯравӣ буд. Вақте Тоҷикистон узви Шӯравӣ буд, бо ҳазор ришта ба тамаддуни Шӯравӣ пайвандӣ дошт. Дар сохтмони проектҳои атомӣ Тоҷикистон бо уранаш аъзои он буд. Тоҷикистон ба кайҳон, кушоишҳони нави он даст дошт. Тоҷикистон метавонист гӯяд, ки Гагарин шаҳрванди мо аст. Аммо ҳамаи ин тамом шуд. Дуруст, ки Тоҷикистон боғҳои зебо, пахтаи навъи аъло, мардуми меҳнаткаш дорад.  Аммо Тоҷикистон мошинҳое намесозад, ки  инсониятро ба зинаи дигар гузаронад.

— Тоҷикистон мисоли кӯдаки навзод аст. Аз ӯ ҳанӯз зиёд талаб кардан шояд ғалат бошад. Ин дастовардҳо моро дар пеш аст.

— Албатта, сохтани донишгоҳе, ки  аз он олиме барояд, ки назарияи пайдоиши дунёро аз Плант ва Эйнштен беҳтар гӯяд, кори осон нест. Аммо ман эътимод дорам, ки агар дар вайронаҳои Шӯравӣ як иттиҳоди дигар сохта шавад, як университети дастаҷамъона ба вуҷуд ояд, мо дар якҷоягӣ олимони дараҷаи аввал месозем. Лозим нест, ки ин Донишгоҳ дар Маскав ё Питербург бошад, онро  метавон  дар Остона ё Душанбе сохт.

— Баъди пош хӯрдани  Шӯравӣ   дар Тоҷикистон ҷанг сар шуд, ҳама мутахассион рафтанд.  Бисёриҳо дар ақидае буданд, ки тамом, мутахассисон рафтанд, тоҷикон онҳоро иваз карда наметавонанд, давлат барҳам мехӯрад. Аммо мо ба дастовардҳо ноил  шудем, роҳҳо месозем, неругоҳҳо месозем, ҷавонон дар Русия ва Аврупо мехонанд. Фикр намекунед, ки мо роҳи душвори рушдро тай мекунем, мисле ки  Сингапур, ки ин роҳро тай кард.

— Сингапур, фабрикаи компютер шуд, аммо истеҳсолкунандаи он нест. «Майкрасофт» дар Сингапур нест. Сингапур киштии зериобӣ насохтааст ё шаҳре дар моҳ, ё сири бемаргии инсонро наёфтааст. Тоҷикистон вақте аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, бевосита ё бавосита ба дастовардҳои  бузург, ки боиси  рушди инсоният мешуд, шарик буд. Муҳим кишти кайҳонӣ ва зериобии Шӯравӣ набуд.  Аз ҳама муҳим он буд, ки ҳама бо як овоз мегуфтанд: мо қудрати сохтани ҷомеи ормонии чор гӯшааш будро дорем.   Мо қудрати сохтани ҷомеаеро дорем, ки зидди ғуломӣ ва ноҳақӣ аст.

— Аз нигоҳи шумо,  Тоҷикистон дар моварои сиёсати хориҷии Русия чӣ мақоме дорад?

— Барои Русия Тоҷикистон ин амният аст. Оромӣ, аният, мӯътадилӣ ва рушди Тоҷикистон дар  оромӣ ва рушди Русия хело муҳим арзёбӣ мешавад. ДИИШ, Афғонистон, ки барои Тоҷикистон хатар маҳсуб мешавад, барои  Русия ҳам хатар аст. Барои ҳамин пойгоҳи 201 дар ин ҷо меистад, барои ҳамин СПАД дар  ин ҷо машқ мгузаронад.  Русия ба марзи Тоҷикистон чун ба марзи худ нигоҳ мекунад. Аммо ин марзро мебояд ҳимоя кард, тарбия кард, нигоҳубин кард. 

— Ин нигоҳубинро шумо дар чӣ мебинед?

— Кушодани бозорҳо барои меваву сабазавоти Тоҷикистон. Имконият додан ва ҳатто мусоидат кардан. Боз дар он мебинам, ки тоҷикон   ба Русия оянд, барояшон шароит муҳайё кунанд ва онҳо кор кунанд.

-Дар муносибати Тоҷикистону Русия ба фикри шумо чӣ афзалиятнок бошад?

— Тоҷикон бо русҳо бояд системаи ягонаи  мудофиа, армия дошта бошанд. Ба воситаи Тоҷикистон муносибати Русия бо ҷаҳони форсизабон ва Эрон густариш ёбад. Мисол, вақте дар Афғонистон ҷанг буд, ташаббус бе иштироки тоҷик намегузашт, тоҷик тарҷумон буд, тоҷик мушовир буд, дар зинаҳои баланд кор мекард. Яъне, Тоҷикистон барои Русия чун миёнарав хизмат мекунад. Бе Тоҷикистон Русия дар Афғонистон муваффақ намешавад.  Афғонистон ҳеҷ гоҳ аз мадди назар Русия дур набуд. Русия дар Афғонистон ҳаст ва албатта ба воситаи тоҷикон.

 — Чанде пеш Замир Кабулов, Сафири Русия дар Афғонистон, дар баромадаш толибонро чун объекти гуфтушунид арзёбӣ кард. Шумо ба ин чӣ назар доред?

— Агар рӯйрост гӯям,  толибон ҳамеша қобили таваҷҷуҳ  буданд, гарчанде душмани Русия хонда шуда бошанд ҳам. Барои чӣ?  Сабаб дар он аст, ки онҳо аз ҳамон вақт қувваи ташкилотчӣ ва ташаббускор буданд ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми марзи Афғонистон нуфуз доштанд, новобаста аз миллат. Дуюм, вақте толибон давлатро гирифтанд, истеҳсоли маводи нашъаовар ба маротиб кам шуд. Ман дар газетаам борҳо дар ин бора мавод нашр кардам. Ҳукумати имрӯзаи амрикоии Афғонистон зудшикан (хрупкий)  аст  ва метавонад ҳар рӯз шиканад. Толибон омодаанд, ки ба давлат ворид шуда, на ба василаи ҷанг, балки ба воситаи муносибатҳои сиёсӣ қудрат кунанд. Зиддияти онҳо бо ДИИШ инро нишон дод. Барои ҳамин ҳамеша, пӯшидаву рӯшод бо толибон муносибат будааст  ва фикр мекунам он бояд густариш ёбад.

— Аммо толибон озод нестанд, мисли ДИИШ ё қувваҳои дигари радикалӣ.

— Дар дунё ҳеҷ як гурӯҳе мустақил нест. Ҳама идора мешаванд, ҳатто Амрико. Идорашавӣ доимӣ нест, махсусан барои гурӯҳҳои радикалӣ. Онҳо метавонанд аз идоракунанда дур шаванд ба дигаре тобеъ гарданд. Ин корро Бен Ладен карда буд. Толибон ҳам бо касе, ки имконияташ бештар аст кор мекунанд…

(идома дорад)

Шариф Ҳамдампур

 

 

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.