Бозсозии шаш километр роҳ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон шаш километр роҳи мошингарди деҳаи Обчакорон пурра мумфарш карда шуд.
Маҳмадшариф Салимзода, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки иқдоми мавриди назар ба хотири таъмини бехатарии нақлиёти нақлиёт ва ободии деҳа амалӣ карда мешавад.
Ӯ мегӯяд, ба хотири истиқболи шоиста аз 35 – солагии Истиқлоли давлатии кишвар бо саҳми сокинон роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ карда мешаванд.
“Дар панҷ соли охир дар баробари дигар корҳои ободонӣ, таваҷҷуҳ та беҳтар кардани вазъи роҳҳо и маҳаллӣ бештар гардид”,-мегӯяд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ