Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд.

Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии хонандагон равона шудааст.

Гуфта мешавад, дар рӯзҳои наздик ба муассисаҳои таълимии вилояти Суғд боз 129,2 тонна маҳсулоти ғизоӣ дастрас карда мешавад.

Барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмилалӣ солҳои охир барои беҳтар намудани шароити таҳсили кӯдакон, махсусан дар минтақаҳои дурдаст амалӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *