$ 284,3 млн гардиши савдои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 4 моҳ

Дар чор моҳ аввали соли 2026 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон $ 284,3 млн ташкил дод.  Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025-ум 59,6 млн доллар ё 50,7% (2025 – 188,7 млн доллар) зиёд мебошад.

Ба иттилои Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Ӯзбекистон, 26,3 млрд доллар ё ҳудуди 1,1% ба ҳиссаи Тоҷикистон рост меояд.

Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон асосан гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти фулузотӣ, масолеҳи сохтмон ва техникаи маишӣ оварда мешавад.

 Аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бошад, бештар маъдан ва консентратҳои руҳ ва мис, нерӯи барқ, ангишт, профилҳои алюминий, нахи пахта ва навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти кишоварзӣ содир мешавад.

Ҳоло ҷонибҳо ният доранд, ки ҳаҷми савдои дуҷонибаро то ба 2 млрд доллар расонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *