Чорводорӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ меёбад

Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои амалии лоиҳаи “Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ”  ба Тоҷикистон 19,7 млн доллар қарзи бебозгашт ё грант медиҳад.

Созишномаи дахлдорро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Роберто Лонго, директори минтақавии ин Фонд дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Ба иттилои Вазорати молия, дар лоиҳаи мазкур 2,3 млн доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон низ ҳаст.

Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, даромад ва устувории хонаводаҳои деҳоти Тоҷикистон, хусусан чорводорони хурд, тавассути беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аст.

Инчунин, лоиҳа ба рушди занҷираи арзиши маҳсулот, соҳибкории хурду миёна, беҳтар кардани сохтори ғизои аҳолӣ ва васеъ намудани дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро ҳудуди 70%-и аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *