Бар асари ярч дар ноҳияи Айнӣ роҳу манзилҳо осеб диданд
Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд корҳои бартарафсозии паёмадҳои боронҳои шадид, ки боиси фаромадани ярч дар як қатор маҳаллаҳо гардиданд, идома доранд.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, офати табиӣ ба роҳҳои автомобилгард, заминҳои кишоварзӣ ва баъзе хонаҳои истиқоматӣ зарар расондааст. Аз ҳама бештар деҳаи Куруд осеб дида, дар ин ҷо ба инфрасохтор хисороти ҷиддӣ расидааст.

Ҳоло дар ҷойи ҳодиса кормандони сохторҳои дахлдор ба тоза кардани роҳҳо ва барқарорсозии иншооти зарардида машғуланд.
Мақомот гуфтаанд, ки пас аз муайян намудани ҳаҷми пурраи хисорот барои барқарор кардани минтақаҳои зарардида ва расонидани кумак ба сокинон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ