Човушоғлу имрӯз ба Душанбе меояд

Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу, ки ба қавли дафтари матбуоташ, қарор аст дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ рӯзи 21 октябр баъди боздиди Тошканду Остона вориди Душанбе шавад, бояд бо президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ва баъдан вазири корҳои хориҷа Сироҷиддин Аслов ҳам дидору гуфтугӯ кунад. Мақомоти Туркия мегӯянд, ки дар ин сафар “ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон” баррасӣ мешавад.Ба эҳтимоли ғолиб, яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ – ташкили заминаҳои сафари президенти Туркия ба Душанбе мешавад. Ҳанӯз ҷузъиёти ин барнома маълум нест, вале нияти боздиди Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Тоҷикистон ҳанӯз охири моҳи сентяби соли ҷорӣ аз забони муовини сарвазири Туркия Туғрул Туркеш садо дода буд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *