Тасмими нави ҳокими Тошканд

Ҳокими шаҳри Тошканди Узбекистон Раҳмонбек Усмонов, гуфтааст, афзудани шумори оилаҳое, ки аз ҳам ҷудо мешаванд, иҷрокунандаи вазифаи президенти он кишвар Шавкат Мирзиёевро ба ташвиш овардааст.

Усмонов мегӯяд, тибқи омор баъди азҳампошии хонаводаҳо, аз панҷ зан танҳо якеашон дубора ба шавҳар мебарояд. «Сарнавишти дигарон чӣ мешавад? Агар мо сари вақт пеши роҳи ҷудошавии оилаҳоро нагирем, пас ин падида афзоиш меёбад», — мегӯяд Усмонов. Ҳокими шаҳр афзудааст, дар ҳоли ҳозир қароре таҳия мешавад, ки тибқи он, дар оянда ҳар зану марде, ки мехоҳанд аз ҳамдигар ҷудо шаванд, ном ва аксашон дар телевизиони «Тошканд» намоиш дода, дар нашрияи «Шоми Тошканд» нашр мешавад.»Нашри маълумот дар бораи талоқи оилаҳо мумкин аст дар пешгирии азҳампошии хонаводаҳо таъсири мусбат расонад. Номи чунин сокинон дар 15 рӯз як бор эълон мешавад. Агар ин ҳам таъсири мусбат нарасонад, пас мо акси аъзои чунин хонаводаҳоро нишон медиҳем. Бо ин амал ҳуқуқи касе поймол намешавад, баръакс, мо ба ҷомеа маълумоти дуруст пешниҳод мекунем», — мегӯяд ҳокими Тошканд.Вай меафзояд, аъзои хонаводаҳое, ки боиси ҷудоии зану мард шудаанд — модаршӯ, хоҳар ё бародари зану мард, ба таври иҷборӣ дар барномаҳои телевизионӣ ширкат мекунанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *