Чоҳкан зери хок монд
Дар вилояти Хатлон марди 27-сола бар асари фурӯравии хок ҳангоми корҳои заминӣ ҷон бохт. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар додааст.
«Хабари ҳодиса рӯзи 18 март, соати 13:10 ба вақти маҳаллӣ ба мақомоти дахлдор расид. Дар деҳаи Сафар, ҷамоати деҳоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳангоми кофтани чоҳ хок фурӯ рафт ва як марди 27-соларо, ки дар чуқурии тахминан панҷметрӣ қарор дошт, зери худ кард», — омадааст дар иттилоияи кумита.

Барои наҷоти ӯ гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд.
Пас аз расидан ба маҳалли ҳодиса, наҷотбахшон ҷасади марҳумро берун оварда, ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ