Боз як далели масъулиятшиносии директори “IRS”

 Охири моҳи феврал ва  рӯзҳоии аввали фасли баҳор  дар масири Душанбе  – Чаноқ бориши барф пуршиддати барф оғоз гардида,  боиси тармафароии зиёд гардид.  Тавре  шоҳид будем, кормандони “IRS”, ки нигоҳдории роҳи Душанбе  – Чаноқро ба зимма доранд, новобаста аз хатарҳои зиёд тавонистанд, ки тармаҳоро фавран  бартараф ва ҳаракати муназзами нақлиётро тавассути роҳи мазкур таъмин намоянд.

   Омили муҳиму таваҷуҳбарангез, ки дар ин матлаб меҳвар қарор додем саҳмгузории роҳбарияти “IRS”, хоса директори он Нодирҷон Сафаров дар бартарфсозии тармаҳо ва наҷоти шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Тавре шоҳидони ҳол нақл карданд директори “IRS”  аз оғоз то анҷоми корҳои бартарафсозӣ  шахсан иштирок намуда, дар наҷоти ронанда ва панҷ  мусофире, ки  зери тарма монда буданд, саҳми босазо гузошт.

  Овардани далели мазкур ба худситоӣ умуман дахл надошта, мақсад комилан муътақид намудани шаҳрвандон ба масъулиятшиносии кормандон ва роҳбарияти “IRS” маҳсуб мешавад. Чунин масъулиятшиносиву амалҳоии нек дар фаъолияти ширкат зиёд буда, кормандони он автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол дода, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим менамоянд. Роҳбарияти “IRS”, ҳамчунин, нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Ба ибораи дигар, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд.  Ашхоси зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътироф карданд, ки ба чунин ҳолат мувоҷеҳ шуда,  ҳангоме ба «IRS» Тоҷикистон муроҷиат намуданд,  бо дарки масъулият ва муносибати самимона автомобили онҳоро то макони зарурӣ интиқол доданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат садҳо маротиба иҷро мекунанд.

Бориши пуршиддати барф ва тамафароии зиёди рӯзҳои охир барои роҳбарият ва кормандони ширкати зикршуда боз як имтиҳоне буд, сарбаландона гузаштанд.  Дар ин замина бори дигар собит гардид, ки омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим хеле ҷиддӣ аст.  Ба қадри кофӣ захира шудани маводи зиддилағзишу сӯзишворӣ идомаи мантиқии ин раванд мебошад. Омили муҳими дигар дар ҳолати омодабош  қарор доштани 242 адад техникаи роҳдории  филиали Ширкат маҳсуб мешавад.  Дар ин замина, охири моҳи феврал ва рӯзҳои аввали фасли баҳор  аз тарафи кормандони филиали ширкати 86  тармаи хурду калон  бетаъхир бартараф гардид. Илова бар ин даҳҳо автомобил бо кумаки  техникаҳои  «IRS» аз банди тарма раҳо шуданд.  Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар аксар ҳолат паҳноии тармаҳо зиёда аз 200 ва баландиашон то 10 метр буд.  Мардуми зиёд, ки  ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳиди ҳол буданд,  ба ин тадбирандешӣ таҳсин хонданд. Муҳимтар аз ҳама, ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки маҳз ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» сафарбар шуданд,  тармаҳое, ки ҳаҷмаш  бенищоят калон буд, дар муддати кутоҳ бартараф гардиданд.

   Бояд мадди назар дошт, ки анҷом ёфтани мавсими сармо  маънои хотимаи шабзиндадориву фарҷоми афзоиши сарбории кормандони филиали Ширкатро надорад. Тавре маълум аст,  вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ин роҳ нигоҳубини 24 – соатаро тақозо дорад  Каме беэътиноӣ ба нигоҳдории роҳ метавонад мушкил болои мушкил эҷод кунад ва бехатарии нақлиёту мусофиронро зери суол барад. Аз ин рӯ,  коргарони «IRS»  дар чор фасли сол бекор намемонанд. Тавре маълум аст, дар тирамоҳу зимистон мунтазам ба тоза кардани роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағзиш  ва  бартараф сохтани тармаҳо  барои онҳо афзалиятанд. Баҳору тобистон бошад,  ба таъмири куллӣ ва ҷории  роҳ, азнавсозии пулҳо,  бартараф сохтани паёмади тармафароӣ, омадани сел, лағзиши кӯҳпора, фурӯравии баъзе қитъаҳои роҳ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва  кашидани хатҳои уфуқӣ машғуланд. Маҳз чунин масъулиятшиносӣ боис гаштааст, ки «IRS»   нигоҳбони боэътимоди роҳи Душанбе – Чаноқу эътироф гардида, кормандонаш мавриди арҷгузорӣ қарор гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *