Чунин бояд рафтор кард

Дар як видео як ҷавони тоҷик нотарсона ба пеши кормандони пулиси Русия омада, аз онҳо талаб мекунад, то 3000 рубли аз як муҳоҷири тоҷик гирифтаашонро баргардонанд.

Корманди пулис аз чунин бархӯрди комилан ғайриинтизори ин тоҷик ба ҳайрат афтода, мегӯяд, «шумо ба кишвари мо омада, боз ҳақталабӣ мекунед?”

Видеои бо кормандони порахӯри пулиси Русия сарбасар шудани як ҷавони тоҷик ба яке аз видеоҳои пуртамошобин дар Интернет табдил ёфтааст.

Кай ва дар куҷо сабт шудани ин видео ва номи қаҳрамонҳояш маълум нест. Ин навор шаби якшанбе дар саҳифаи «Информативный хайп.” Дар сомонаи Фейсбук бо чунин шарҳ нашр шуд: Вот вам миграционная политика ! Если это правда ! человека оставили без денег💸, то куда он пойдёт? На преступления? (Ана ба шумо сиёсати муҳоҷират” Агар ин рост бошад, одамро комилан бепул гузоштанд. Пас вай куҷо равад? Даст ба ҷиноят занад?)

Дар видео як ҷавон ба пеши мошини кормандони пулис омада, аз онҳо талаб мекунад, ки 3000 рубли аз як муҳоҷири тоҷики дигар гирифтаашонро пас бидиҳанд. Ӯ хитоб ба кормандони пулис мегӯяд, ки «шумо охирин пули ин бечораро аз кисааш кашида гирифтед, вай куҷо равад?”

Ҷавони дигар, ки ба зхоҳир 18-19-сола аст, тасдиқ мекунад, ки ӯро аз кӯча боздошта, ба ин мошин шинонданд ва афсаре ки сари фармони мошин нишастааст, пулашро гирифт: «3000 рубл доштам, ҳамаашро гирифт.” 

Афсари пулис ибтидо пул гирифтанашро рад мекунад, вале ҷавони тоҷике ки нотарсона бо талаби пас додани пули ҳамватанаш пеши онҳо омада буд, мегӯяд, «ман ба чашмам дидам, ки шуморо ин бачаро савор кардед ва баъди фаромадан 3 ҳазор рубле ки дошт, нест шуд. Пулашро ба хубӣ баргардонед, вагарна бо телефони «Горячая линия” ба прокуратура хабар медиҳем.”

Афсари пулис, ки ба гирифтани пули ҷавони тоҷик айбдор мешуд, аз чунин ҷасорат ва густохии муҳоҷири тоҷик ба ҳайрат омад ва хитоб ба вай гуфт: «Чӣ, шумо ба кишвари мо омада, боз инҷо ҳақталабӣ мекунед?”

Аммо ҷавони тоҷик ҳам паст наомада, мегӯяд, «Мо дар қаламрави Русия ба таври қонунӣ қарор дорем. Чӣ, мо инҷо омадем, ки туро хӯронем? Рав, мисли ҳама ягон белро гиру дар сохтмон кор кун аз пули мардумро кашида гирифтан дида.”

Ӯ ҳамин тавр такрору ба такрор аз корманди пулис талаб мекунад, ки «барор аз ҷайбат 3 000 рубли ин бачарову баргардон! Айбро намедонӣ?”

Муҳоҷирони тоҷик аз онҳоро азоб додани афсарони пулис ва ба ҳар баҳона аз онҳо пул кандан зиёд шикоят мекунанд. Вале ин аз ангуштшумор мавридҳоест, ки як муҳоҷири тоҷик бо корманди пулиси Русия чунин ҷасурона сарбасар шуда, «ҳаққ”-и аз як ҳамватанаш кандаи ин пулисро талаб мекунад, ки гардонда бидиҳад.

Дар поёни видео ҷавони тоҷик ба афсари пулис ҳушдор медиҳад, ки ин видеоро дар Интернет нашр карда, шармадагиашро мебарорад ва бо шикоят ба додситонӣ ҳам меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *