“Cover”-и Фараҳноз Шарафова ба суруди ҳиндӣ
Фараҳноз Шарафова, ки ҳоло аз ҷумлаи овозхонҳои сермухлис ва сербинанда дар фазои маҷозӣ маҳсуб меёбад, ба суруди ҳиндӣ бо номи “Ишқи ту” “Cover” карда, дар ютубканали “Sooroosh Media” нашр намуд.
Суруди мазкур дорои намоҳанг буда, дар он нақши асосиро ровӣ ва шоумен Макс Қосимов иҷро кардааст.
Дида мешавад, ки “Cover”-и Фараҳноз Шарафова дар “Ютуб” дар як шабонарӯз зиёда аз 200 ҳазор маротиба бозбинӣ шуд, ки ин шумора барои сегменти тоҷикии шабакаи мазкур нишондиҳандаи ниҳоят баланд аст.
Матни “Ишқи ту” моли Раҳмия Аюбӣ буда, дар худ чунин мисраъҳоро дорад:
— Зи ишқи ту шудам бефара,
Задӣ ба дилам тири нигаҳ.
Марҳамӣ, танҳоӣ,
Дар шаби сияҳ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ