Оғози содироти зардолу дар Қубодиён

Боғдорони ноҳияи Қубодиён аллакай ба содироти зардолу оғоз кардаанд. Ҳудуди як ҳафта мешавад, ки маҳсулоти ҷамъовардаи хешро ба Русия, Қазоқистон ва Белорус содирот мекунанд.

Аллакай наздики 30 тонна зардолу аз ноҳияи Қубодиён ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Ин маҳсулотро соҳибкорон бо нақлиёти боркаш ба Қазоқистон, Русия ва Белорус интиқол медиҳанд. Боғдорон ҳосилро аз се то панҷ сомонӣ мефурӯшанд.

Бахтиёр Ислом, директори КВД «Ниҳолпарвар»-и ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки дар 37 гектар замини корхонаи мавриди назар чор навъи зардолу парвариш мешавад, ки ҳосили он асосан барои содирот аст.  Ӯ таъкид мекунад, ки имсол ҳаво нисбатан сард омад ва ҷамъоварии зардолу каме ба таъхир афтод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *