Нурулло Алиев

Муроҷиати Нурулло Алиев ба UFC

Варзишгари бебохти UFC дар вазни сабук Нурулло Алиеви тоҷик дар саҳифаи “Инстаграмм”-и худ ба роҳбарияти ташкилоти мазкур муроҷиат кард.

Варзишгари тоҷик навишт, ки замону макони муҳорибаи навбатиашро интизор аст. Ҳамчунин, бо ишораи роҳбари UFC Дана Уайт моҳҳои июл ва октябрро қайд кардааст.

Аз ин муроҷиати ӯ фаҳмида мешавад, ки варзишгар мехоҳад дар соли ҷорӣ боз ду муҳорибаи дигар гузаронад ва агар чунин шавад, ҳам барои Нурулло Алиев ва ҳам барои мухлисонаш хуб аст. Шояд бархеҳо фикр кунанд, ки чунин муносибати варзишгари тоҷик бо ташкилоти UFC, яъне пайваста ишора кардан, ки муҳорибаамро ташкил кунед, густохӣ бошад, вале тавре маълум аст ва расонаҳо менависанд, ин гуна бархӯрдро роҳбарияти UFC қабул доранд, зеро онҳо ҳама варзишгарони фаъолро эҳтиром мекунанд ва мехоҳанд, ки чунин ҷанговаронро дошта бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *