Қадрдонии иштирокдорони садамаи “Чернобил” дар Бӯстон

Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ як қатор иштирокчиёни садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии «Чернобил» ва аъзои оилаи дар садамаи мазкур фавтидаро ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Бӯстон, зимни суҳбат роҳбари шаҳр аз хизматҳои ҳар яки онҳо дар нишон додани қаҳрамониву ҷасорат ва иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ёдовар шуда, рафторашонро намунаи ибрат унвон кардааст.

— Таъкид карда шуд, ки 26-уми апрели соли 1986 таркиши реакторӣ дар блоки чоруми Нерӯгоҳи барқии атомии «Чернобил» ба амал омад, ки ба муҳити атроф миқдори зиёди моддаҳои радиоактивӣ партофта шуд. Ин садама чӣ аз ҷиҳати шумораи тахминии одамоне, ки аз оқибатҳои он кушта шуда ё осеб дидаанд ва чӣ аз ҷиҳати хисороти иқтисодӣ дар таърихи энергетикаи атомӣ калонтарин фалокат дониста мешавад. Барои рафъи оқибатҳои садама захираҳои назаррас сафарбар карда шуда, зиёда аз 500 ҳазор нафар дар рафъи оқибатҳои садама иштирок намуданд. Баҳри бартарафсозии оқибатҳои фоҷиабори ин фалокати таъхирнопазир, дар қатори дигар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон низ зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони баору номус ихтиёран кумаки башардӯстонаву ҳамаҷонибаи хешро дареғ надонистанд,- меафзояд манбаъ.

Дар идомаи суҳбат раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ таъкид доштааст, ки зиёда аз 200 нафар сокинони меҳнатқарини шаҳри Бӯстон барои бартарафсозии ин садама сафарбар гардида буданд.

— Дар ин рӯз ба 8 нафар иштирокчӣ ва 2 оилаи бесаробонмонда бо кумакҳои молӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд,- мегӯяд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *