445 ҳазор сомонӣ барои иштирокдорону маъюбони ҶБВ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои иштирокдорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 445 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо кардааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и вилоят, ба муносибати 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокдорону маъюбон ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 7 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта дода хоҳад шуд.

– Инчунин, шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хидмати ҳарбӣ буданд, ҳадди ақал шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ва шахсоне, ки барои хидмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҷанг бо медалҳо сарфароз гардидаанд, ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулӣ дарёфт мекунанд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ ба 11 нафар иштирокдору маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд 77 ҳазор сомонӣ ва ба 92 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолияткарда ва дорандагони медалҳо 368 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 445 ҳазор сомонӣ купакпулӣ дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *