Нигаронии масъулин: COVID-19 роҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон баст

Имрӯз, 30 октябр дар шаҳри Бохтар ҳамоиш таҳти унвони «Саёҳии дохилӣ омили рушди кишвар» баргузор гардид.

Он бо ташаббуси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти вилояти Хатлон доир шуда, дар он намояндагони ВАО, фаъолон ва масъулини соҳа ширкат варзиданд.

Зимни конфронс аз дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ, ки солҳои истиқлолият ба даст омадаанд,  масъулини соҳа ёдоварӣ намуданд. Ҳамчунин, мушкилиҳову норасоиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки бемории ҳамагири COVID-19 роҳи сайёҳонро бастааст ва мутаассифона давоми ду соли охир шумораи онҳо ба таври назаррас кам шудааст.

Ҳалима Шобекова

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *