COVID-19: Вуруди беш аз 204 ҳазор воя ваксина ба Тоҷикистон

Ба Тоҷикистон 204 ҳазору 750 воя ваксинаи «Pfizer»-и истеҳсоли ИМА ворид гардид. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ваксинаҳои мазкур дар доираи механизми COVAX ворид шуда, дар анбори махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Бояд гуфт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст.

Давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002 800 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид шудааст.

— Эмгузаронӣ бо вояи 3-юми ваксинаҳои зидди сирояти COVID-19 дар мамлакат аз моҳи январи соли 2022 оғоз гардид. То аввали моҳи июл вояи аввали ваксина ба 5 263 527 нафар (94,0%), вояи дуюм ба 5 158 348 нафар (92,2%) ва вояи сеюм ба 4 104 007 нафар (73,3%) аҳолии кишвар гузаронида шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *