Суғд: Заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид мешаванд

То имрӯз соҳибкорони тоҷику ӯзбек як қатор тарҳҳои муштаракро амалӣ намудаанд. Сармоягузорони ӯзбек метавонанд барои азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва ба роҳ мондани истеҳсоли либос бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ин нукта зимни мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муъминҷон Юлдошев зикр шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни доираҳои соҳибкории ҳарду тараф изҳори қаноатмандӣ карда, тақвияти равобитро самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ намудаанд.

— Муъминҷон Юлдошев аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ карда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баён дошт. Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба анҷом расид,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *