Дӯстӣ: Номи сарбозони шаҳидшуда ҷовидонӣ мешавад

Масъулин дар ноҳияи Дӯстӣ нақша доранд, ки муассисаи таълимии рақами 33 ба номи Муродбек Маҳмадқулов — сарбози шаҳидшудаи тоҷик номгузорӣ шавад. Ин аскари тоҷик 13-уми июни соли 2022 дар шаҳри Исфараи виояти Суғд аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта шуда буд.

Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Дӯстӣ ба Pressa.tj гуфтанд, ки Муродбек Маҳмадқулов муассисаи таълимии рақами 33-и деҳаи Умеди ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияро хатм кардааст. Ӯ дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб шуда буд. То ба охир расидани муҳлати хизмати ҳарбии аскари кушташуда каму беш чор моҳи дигар монда буд.

Суҳроб Аминов, раиси ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд, ки Муродбек Маҳмадқулов дар мавзеи Кехи Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд адои хизмат мекард. Ӯ 26 сол дошт ва ҳанӯз муҷаррад буд.

“Муассисаи таълимии рақами 33-и ноҳия ба номаш монда мешавад. Ҳуҷҷатҳои лозима аллакай омода шудаанд ва баъди маҷлиси вакилони ноҳия ба ниҳодҳои лозима барои гирифтани розигӣ фиристода мешаванд. Афсари шаҳидшуда муассисаи таълимии рақами 33-ро хатм кардааст. Барои ҷовидонии номи некаш ин тадбир муҳим аст”,- афзуд ӯ.

Мутаассифона, дар як вақти кӯтоҳ ин аллакай дуввумин сарбози тоҷик аз ноҳияи Дӯстӣ аст, ки аз сӯйи марзбонони қирғиз кушта мешавад. Ҳанӯз 13-уми апрели соли 2022 Зоир Саидмуродов, сарбози тоҷик, сокини ноҳияи Дӯсти вилояти Хатлон ба қатл расонида шуда буд. Ҷасади ӯро 14-уми апрели соли равон дар оромгоҳи деҳаи Маҳрами Ҳотами ҷамоати деҳоти Ҷилликули ноҳияи Дӯстӣ ба хок супорида буданд. Ӯ ҳам соли 2020 ба сафи Қуваҳои мусаллаҳ ҷалб шуда буд ва дар шаҳри Исфара адои хизмат мекард.

Ба хотири ҷовидонии номи неки Зоир Саидмуродов яке аз кӯчаҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ ба номи ӯ гузошта мешавад. Барои ин аллакай гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст ва рӯзҳои наздик ба мақомоти маҳаллӣ хулосаи ин гуруҳ пешниҳод мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *