Нуриддин Саид ба ваъдааш вафо кард

Чанд моҳ қабл раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати  Тоҷикистон Нуриддин Саид  дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ваъда дода буд, ки студияи таълимии радиои факултетро бо техникаи муосир барои фаъолият таъмин месозад.

Имрӯз, 23 июн аз номи Нуриддин Саид миқдори муайяни техникаву лавозимоти зарурӣ ба студияи факултети журналистика барои таълим ва омӯзиши донишҷӯён, ҳамзамон, пахши барномаҳои радиоӣ дар ҳамаи биноҳои шаҳраки донишҷӯён оварда шудааст.

То ин вақт танҳо дар ду бино хати радио фаъол буд. Акнун баъд аз ин имконият фароҳам мешавад, ки тамоми донишҷӯёни шаҳраки донишҷӯён аз эфири радиои студия баҳравар гарданд.

Идибеки Саид,

донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *