Дучархадуздон дар Душанбе (видео)

Як хонандаи сомонаи Pressa.tj видеое ирсол намуд, ки дар он рабудани чанд дучарха аз тарафи гуруҳе дар дили шаб ба мушоҳида мерасад.

Тавре дар видео дида мешавад, аввал ҷавоне чор тарафи бинои истиқоматиро дар кӯчаи Навобод 212, воқеъ дар шаҳри Душанбе аз назар мегузаронад. Баъдан, ӯ ҳамроҳони дигарашро даъват мекунад. Яке дари асосии бинои баландошёнаро бо зӯрӣ ба тарафи худ мекашад ва он боз мешавад. Ҳама пасу пеш вориди бино мешаванд. Онҳо аз ошёнаҳои гуногуни бино 3 дучархаро дуздида, сипас дар берун савор шуда, зуд ғайб мезананд.

Тавре дар видео дида мешавад, ин дуздӣ 22 июн, пас аз нимашаб, соати 1:20 то 1:30 идома меёбад.

Хонандаи сомона бо ирсоли ин видео аз мақомоти милитсияи Душанбе тақозо дорад, ки “великдуздон” боздошт ва нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида шавад. Вагарна, ин тоифа амалашонро боз идома медиҳанду ба дигарон зарар мерасонанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.