Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст….

Коко Ҷонмуҳаммад, меҳмондори Аҳмадшоҳи Масъуд дар даврону ҷиҳоду муқовимат, аз сафари 24 сол пеши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Хусдеҳ ҷузъиёти ҷолиберо ироа кард
Коко Ҷонмуҳаммад, ки бо иттифоқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Душанбе сафар карда буд, дар як суҳбати сарироҳӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қабл аз сафари раисҷумҳур Раҳмон ба Хусдеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд аз ӯ хост, ки аз Панҷшер ба Тахор ояд ва меҳмондории ҳайатҳои тоҷикиро бар дӯш гирад. Вай афзуд, Масъуд ӯро масъули меҳмондорӣ ва марҳум Муҳаммаддовуди Довуд, фармондеҳи вулусволии Фархорро масъули амнияти раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин кард.
“Он минтақаро Чамани Хусдеҳ мегуфтанд. Хонае ё бинои дигаре дар он ҷо марбути Омир соҳиб (Аҳмадшоҳи Масъуд) набуд. Фақат камари кӯҳ буду чайлаҳои саҳроии брезентӣ. Раис соҳиби ҷумҳур суҳбатҳои худро халос карданду омаданд ва шаб он ҷо монданд. Мо барои он кас се утоқ ё се чайла ҷӯр карда будем. Омир соҳиб ҳам гапҳои худро халос карду пушти кори худ рафт. Ман мондаму раис соҳиби ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон. Гуфтанд, ки биё, коко, як чакар занем. Аз наздикӣ дарёи Тахор мегузарад. Лаби дарёву ин тарафу он тараф гаштем. Раис соҳиб аз рӯзу рӯзгору кору борам пурсон кард ва ҳам қиссаҳое аз Тоҷикистон гуфт. Пас баргаштем ба чайла”, — гуфт Коко Ҷонмуҳаммад.
Хусдеҳ як деҳае дар вулусволии Фархори вилояти Тахори Афғонистон аст, ки дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ пойгоҳи муҳимтарини неруҳои Ҷабҳаи Муттаҳиди Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳисоб мерафт. Чамани Хусдеҳ дар канори ин деҳа ҷойгир буда, дар гузашта тафреҳгоҳи шоҳони Афғонистон будааст.
Аммо дар таърихи Тоҷикистон Хусдеҳ ба масобаи як макони таърихие ёд мешавад, ки 10 — 11 декабри соли 1996 мизбони мулоқоти сеюми роҳбарони ҳукумату мухолифини тоҷик буд. Дар фарҷоми он ҷонибҳо як изҳороти муштарак пахш карданд ва протокол «Дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаи муқовимат” – ро ба имзо расонданд.
Ин мулоқотро дар Тоҷикистон, ки бо ибтикори Бурҳонуддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбарони Давлати исломии Афғонистон, баргузор шуд, як нуқтаи гардишӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон арзёбӣ мекунанд, зеро пас аз он шиддати ҷангҳо дар дохили Тоҷикистону сарҳадаш бо Афғонистон бамаротиб поён омад.
“Ҳатман биёӣ!”
Аммо он шаби 10 ба 11 декабр барои Коко Ҷонмуҳаммад ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғози як рафоқати тӯлонӣ гашт. Меҳмондори Масъуд мегӯяд, он шаб Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ даъват кард, ки ба Душанбе ояд.
“Гуфтам, раис соҳиби ҷумҳур, дар Душанбе чӣ кунам? Моро кӣ мегузорад, ки пеши худат биравам? Китобчаи ёддоштҳои маро гирифту навишт, ки “Рафиқ Зуҳуров (Сайидамир Зуҳуров, раиси вақти Кумитаи амнияти Тоҷикистон), вақте ки Коко меояд, оҷил пеши худам биёраш!”. Инро навишта карду дар дастам дод ва дар ҷайбам гузоштам. Чойро хӯрдему худоҳофизӣ кард. Боз таъкид кард, ки ҳатман биёӣ. Ҳамин тавр, мо дар зарфи як рӯз рафиқ шудем ва 24 сол ба ин сӯ рафоқат дорем”, — гуфт Коко Ҷонмуҳаммад.
Меҳмондори Масъуд мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмонро он замон як ҷавонмарди соҳиби қавл ва ҳадафманде дарёфт, ки ба сулҳу ояндаи ватанаш на фақат бовар, балки талош мекард ва худ сафараш ба Хусдеҳ як нишони азхудгузаштагии ӯ буд.
“Омир соҳиб дар бораи Эмомалӣ Раҳмон як гап мегуфт: ӯ як инсони бошахсият аст. Ва эҳтироми зиёд дошт. Ҳамеша занг мезаду ҳолу аҳвол мепурсид. Худи раис соҳиб низ алоқамандии зиёде ба Омир соҳиб дошт ва равобиташон хеле дӯстона буд”, — гуфт Коко Ҷонмуҳаммад.
Коко Ҷонмуҳаммад, зодаи рустои Бозораки вилояти Панҷшери Афғонистон аст, ки ҳанӯз солҳои 80 – уми асри гузашта ба нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд пайваст ва яке аз афроди наздики ӯ ба шумор мерафт. Ӯ дар замони ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ дар Кобул (1992 – 1996) ва ҳам даврони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ (1996 – 2001) масъулияти меҳмондории тамоми меҳмонхонаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистонро ба дӯш дошт.
Меҳмондори хушсалиқа
Аммо он чӣ Коко Ҷонмуҳаммадро барои ҳама, қабл аз ҳама Аҳмадшоҳи Масъуд, маҳбуб карда буд, фарҳанги баланди меҳмондорӣ ва хулқу атвори инсонии ӯ буд.
Генерал Назирхон, собиқ корманди сафорати Афғонистон дар Душанбе, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳар меҳмоне ба сатҳи олӣ ё ба сатҳи пойин, ки дар вақти муқовимат дохили Панҷшер ё самти Шимол мешуд, аз сӯи Коко Ҷонмуҳаммад пазироӣ мешуд.
“Ӯ як инсони хушсалиқаву батамкин ва ҳам шӯху бозарофат аст. Иззату эҳтироми меҳмононро дар ҳама сатҳ ба ҷо меовард. Меҳмондориро бисёр ба хубиву хушӣ такмилу пайгирӣ мекард. Ҳама корро ба сатҳи оливу аҳсан анҷом медод. Аз ин хотир, тамоми меҳмонхонаҳое, ки марбути Омир соҳиб буд, масъули умумиаш ҳамин кас буд”, — гуфт генерал Назирхон.
Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва ҳам шахси Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки дар як маҷлис бо афғонҳои муқими Душанбе суҳбат мекарданд, ҳар як суханони баланду болое дар васфи Коко Ҷонмуҳаммади ҳозир дар толор гуфтанд.
Аммо нуктаи ҷолиби дигареро ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон зикр карданд, ки он ҳам ба рафоқати Эмомалӣ Раҳмон ва Коко Ҷонмуҳаммад аст. Ба қавли онҳо, Коко танҳо нафарест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамеша ӯро бо оғӯши боз ва бидуни таоруфҳои расмӣ мепазирад ва бо ӯ бо хандаву дилгармӣ соатҳо ба суҳбат мепардозад.
Муҳтавои ин ду рафиқе, ки 24 сол ба ин сӯ рафоқат доранд, ба касе маълум нест. Коко Ҷонмуҳаммад низ чизе нагуфт, зеро вақти парвозаш буд ва бояд мерафт.
Он чӣ фурсат нашуд аз ӯ пурсем, ин буд, ки чӣ гуна ду террористи араб — қотилони Масъудро пазироӣ карда буд. Ба қавли огаҳони ҳол, ӯ аз аввалин афроде буд, ки ба истихбороти Масъуд аз рафтори машкуки он ду нафар гузориш дода буд, аммо ҳарфҳои ӯро ҷиддӣ нагирифта буданд…

“Спутник”
(Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мусоҳибаи хабарнигори ин нашрияро бо Коко Ҷонмуҳаммад мутолиа намоед,ки ба ҳамаи саволҳо, аз ҷумла террористони араб ҷавоб гуфтааст)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *